Дар доираи ҳидояту раҳнамоиҳои бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудан аз ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин, баҳри сабзу хуррам нигоҳ доштани кӯчаву хиёбонҳои пойтахт бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе имрӯз дар хиёбони Рӯдакӣ ва кӯчаи Ғаффор Валаматзода бо иштироки роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ниҳолшинонии навбатӣ баргузор гашт.
Дар кӯчаву хиёбони номбурда беш аз 30 дарахти ороишии навъи магнолия шинонида шуда, бо мақсади инкишоф ёфтан ва мутобиқшавии онҳо ба иқлими кишвар бо минералу нуриҳои зарурӣ таъмин карда шуданд. Ин тадбир баҳри афзоиши реша ва баланд шудани дарахтон равона гардида, дар баробари зебоии муҳити зист ба баланд бардоштани фазои экологӣ мусоидат менамояд.
Аз ҷониби масъулин таъкид гардид, ки нигоҳубини минбаъдаи ниҳолҳо, аз ҷумла обёрии мунтазам, нармкунии бехи дарахтон ва ҳифз аз омилҳои номусоид зери назорати доимӣ қарор дода шавад. Ҳамзамон, ҷиҳати ҷалби бештари аҳолӣ ба корҳои сабзкорӣ ва ободонӣ ибрози назар гардид.
Мақсад аз ташкили маъракаҳои ниҳолшинонӣ, пеш аз ҳама, беҳтар гардонидани фазои экологӣ, инчунин зебоҷу дилоро намудани кӯчаву хиёбонҳо ва саҳмгузорӣ дар амалӣ намудани сиёсати экологии Ҳукумати мамлакат мебошад.