15px

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ШОҲМАНСУРИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Суханрониҳо
    • Сафарҳои дохилӣ
    • Сафарҳои хориҷӣ
    • Фармонҳо
    • Паёмҳо
    • Барқияҳо
    • Суҳбатҳои телефонӣ
    • Аксҳо
  • Маъмурият
    • Раис
    • Муовинони Раис
    • Дастгохи раис
  • Тақсимоти маъмурӣ
    • Шиносномаи ноҳия
    • Соҳаи комуналӣ
    • Соҳаи иқтисодӣ
    • Соҳаи иҷтимоӣ
    • Соҳаи дин
    • Маориф
    • Тандрустӣ
    • Фарҳанг
    • Ҷавонон ва варзиш
    • Кор бо занон
    • Меъморӣ ва шаҳрсозӣ
    • Ҳунарҳои мардумӣ
  • Аз паём то паём
  • Стратегия
  • Душанбе — пойтахт
  • Нақшаи кулл
  • Нома ба Раис
  • Эълонҳо
  • Тамос
  1. Асоси

КӮДАКОН ТАҲТИ ҲИМОЯИ ДАВЛАТ: КАФОЛАТИ ҲУҚУҚ ВА САЛОМАТӢ

Аз ҷониби Ҳукумати кишвар таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ниҳодҳои салоҳиятдори махсусгардонидашуда, инчунин зерсохторҳои вобаста ба ҳимояи ҳуқуқи кӯдакон дар таркиби мақомоти давлатӣ таъсис ёфтаву фаъолият менамоянд, ки ҳадафи асосии онҳо аз ҳифзи солимӣ ва тарбияи кӯдакон иборат мебошад. Ба сифати ин ниҳодҳо метавон Комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдак дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар назди Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва даҳҳо зерсохторҳои дигарро ном бурд.
Чуноне, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён намудааст, “Барои давлат миллати солим, халқи солим лозим аст”.
Кӯдакон ояндаи ҷомеа мебошанд, таъмини ҳуқуқҳои онҳо ба ҳифзи саломатӣ ва рушди солимию ҷисмонӣ ва равонии онҳо вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як давлату ҷомеа ба ҳисоб меравад. Дар баробари дигар ҳуқуқҳои дар қонун нисбати кӯдакон муқарраршуда, яке аз онҳо ҳуқуқи кӯдак ба ҳифзи саломатӣ мебошад.
Пеш аз ҳама дар моддаи 34 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шудааст, ки модару кӯдак таҳти ҳимоя ва ғамхории махсуси давлатанд. Инчунин моддаи 38 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолат медиҳад, ки ҳар шахс ҳуқуқи ҳифзи саломатӣ дорад. Шахс дар доираи муқаррарнамудаи қонун аз ёрии тиббии ройгон дар муассисаҳои нигаҳдории тандурустии давлатӣ истифода менамояд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва аъзои комилҳуқуқи СММ Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдакро ба тасвиб расонид. Мувофиқи моддаи 24 Конвенсияи мазкур давлатҳои иштирокчӣ ҳуқуқи кӯдакро барои истифода намудани хизматҳои бештар такмилёфтаи системаи тандурустӣ ва воситаҳои табобати бемориҳо ва барқарорсозии саломатӣ эътироф менамоянд. Давлатҳои иштирокчӣ барои таъмини он саъю кӯшиш мекунанд, ки ягон кӯдак аз ҳуқуқи худ барои дастрас намудани ин гуна хизматрасониҳои низоми тандурустӣ маҳрум карда нашавад.
Санадҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ва миллии зерин ҳуқуқу озодиҳои кӯдакро кафолат додаанд: Эъломияи умумии ҳуқуқи башар, Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ, Конвенсия дар бораи ҳуқуқи кӯдак, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак” (аз 18.03.2015, №1196), Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи низоми огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон” (аз 2.01.2020, №1658), Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак” ( аз 22.06.2024, №2049) ва ғайра.
Муодили истилоҳи “кӯдак” дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мафҳумҳои зиёде, чун “ноболиғ”, “наврас”, “навзод”, “фарзанд” ва ғайра истифода мегарданд.
Моддаи 1 Конвенсия дар бораи ҳуқуқи кӯдак мафҳуми кӯдакро чунин муқаррар намудааст: “Дар ин Конвенсия ҳама гуна мавҷудоти инсонии то синни 18 сола кӯдак ҳисобида мешавад, агар тибқи қонуне, ки нисбати ин кӯдак истифода мегардад, он пештар ба синни балоғат нарасида бошад”.
Дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон низ мафҳуми кӯдак дода шудааст, ки тибқи моддаи 55 КО ҶТ кӯдак шахсе эътироф карда мешавад, ки ба синни ҳаждаҳсолагӣ (ба синни балоғат) нарасидааст. Ҳамзамон, дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак” ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак” низ шахси ба синни ҳаждаҳ нарасида кӯдак эътироф гардидааст.
Ҳамин тариқ, бояд ёдовар шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳифзи ҳуқуқи кӯдак ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст. Аз ҷумла қабул гардидан ва амалӣ шудани якчанд қонунҳои оид ба ҳифзи ҳуқуқи кӯдак аз он шаҳодат медиҳад, ки бо сарварии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин самти муҳими ҳаёти ҷомеа таваҷҷуҳи мусбат равона гардида, дар оянда низ баҳри беҳтар гардидани вазъи ҳуқуқии кӯдакон тамоми тадбирҳо андешида мешаванд.
Сармутахассис-котиби мақомоти васояту парастории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе
Бобизода Ҷалолиддин Шералӣ