15px

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ШОҲМАНСУРИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Суханрониҳо
    • Сафарҳои дохилӣ
    • Сафарҳои хориҷӣ
    • Фармонҳо
    • Паёмҳо
    • Барқияҳо
    • Суҳбатҳои телефонӣ
    • Аксҳо
  • Маъмурият
    • Раис
    • Муовинони Раис
    • Дастгохи раис
  • Тақсимоти маъмурӣ
    • Шиносномаи ноҳия
    • Соҳаи комуналӣ
    • Соҳаи иқтисодӣ
    • Соҳаи иҷтимоӣ
    • Соҳаи дин
    • Маориф
    • Тандрустӣ
    • Фарҳанг
    • Ҷавонон ва варзиш
    • Кор бо занон
    • Меъморӣ ва шаҳрсозӣ
    • Ҳунарҳои мардумӣ
  • Аз паём то паём
  • Стратегия
  • Душанбе — пойтахт
  • Нақшаи кулл
  • Нома ба Раис
  • Эълонҳо
  • Тамос
  1. Асоси

КИНОТЕАТРИ «ВАТАН» - ПАЙВАНДИ ТАЪРИХ, ФАРҲАНГ ВА ТЕХНОЛОГИЯҲОИ МУОСИР

Кино яке аз муҳимтарин воситаҳои фарҳанг ва ҳунар дар ҳаёти маънавии ҷомеа нақши арзишманд дорад. Он воситаи фароғат, омили тарбияи завқи зебоипарастӣ, шинохти арзишҳои миллӣ ва муаррифии таъриху фарҳанги халқҳо ба ҳисоб меравад. Дар ин замина, навсозии кинотеатрҳо ва фароҳам овардани шароити муосир барои намоиши филмҳо дар рушди санъати кинои миллӣ аҳаммияти хос дорад.
Кинотеатри давлатии «Ватан» аз ҷумлаи маконҳои шинохтаи фарҳангии пойтахт ба шумор меравад. Ин кинотеатр, ки солҳои 50-уми асри гузашта аз рӯйи лоиҳаи меъмор Пётр Кузменко бунёд шудааст, дар тули даҳсолаҳо макони дӯстдоштаи фароғату истироҳати сокинону меҳмонони Душанбе буд. Он дар хотираи чандин насли сокинони пойтахт ҳамчун яке аз гӯшаҳои муҳимми ҳаёти фарҳангии шаҳр ҷойгоҳи хос пайдо кардааст.
Дар доираи тадбирҳои рушди соҳаи кино ва таҷдиди инфрасохтори намоиши филмҳо кинотеатри «Ватан» мавриди навсозии куллӣ қарор гирифт. Пас аз анҷоми корҳои таъмиру таҷҳизонидани техникӣ он бо имкониятҳои муосир барои намоиши филмҳои ватаниву хориҷӣ омода гардид. Тибқи иттилои Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм», толори кинотеатр бо проектори лазерии рақамии BARCO, низоми садои Dolby Digital 7.1, экрани касбии андозааш 10,3 ба 5,7 метр ва 250 курсии нав муҷаҳҳаз шудааст.
Ҳамзамон инфрасохтори дохилии бино низ такмил дода шуда, низоми ҳавотозакунӣ ва кондитсионер, интернети баландсуръат, низоми назорати видеои IP, таҷҳизоти чиптафурӯшӣ ва манбаи эҳтиётии барқ навсозӣ гардидаанд. Барои шахсони дорои имконияташон маҳдуд низ ҷойҳои махсус пешбинӣ шудаанд, ки ба фароҳам овардани муҳити дастрас ва муносиб барои тамоми тамошобинон мусоидат мекунад.
Лоиҳаи навсозии кинотеатр дар асоси созишномаи ҳамкории Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» ва Фонди кинои Русия амалӣ гардидааст. Бо истифода аз таҷҳизоти нав кинотеатри «Ватан» метавонад филмҳоро бо сифати баланди тасвир ва садо намоиш дода, барои баргузории нахустнамоиши филмҳои миллӣ, фестивалҳо, форумҳо, мулоқотҳои эҷодӣ ва дигар чорабиниҳои фарҳангӣ заминаи мусоид фароҳам оварад.
Навсозии кинотеатри «Ватан» дар баробари беҳтар гардидани шароити тамошои филмҳо, ба рушди минбаъдаи синамои тоҷик ва густариши таваҷҷуҳи ҷомеа ба маҳсулоти эҷодии ватанӣ мусоидат мекунад.
Кинотеатри «Ватан» бо таърихи начандон тулонӣ ва имкониятҳои нави техникӣ таҷассумгари пайванди анъанаҳои фарҳангӣ бо дастовардҳои муосир мебошад. Навсозии он на танҳо ба эҳёи яке аз маконҳои шинохтаи фарҳангии пойтахт, балки ба фароҳам овардани шароити беҳтар барои рушди синамои миллӣ ва ғанӣ гардонидани ҳаёти маънавии сокинону меҳмонони шаҳри Душанбе мусоидат хоҳад кард.