Имрӯз бо ташаббуси Бахши кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур дар толори Академияи милитсияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Конститутсия – бахтномаи миллат ва пояи давлатдории миллӣ» мизи мудаввар баргузор гардид.
Чорабинии мазкур бо мақсади арҷгузорӣ ба ин санади сарнавиштсози миллат, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷомеа, таҳкими ҳисси ватандӯстиву худшиносии миллӣ ва тарғиби арзишҳои конститутсионӣ миёни ҷавонон роҳандозӣ гардид.
Дар мизи мудаввар намояндагони Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур, инчунин омӯзгорону курсантони Академияи милитсия иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зимни баромадҳо таъкид гардид, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади олии ҳуқуқӣ ва дастоварди бузурги даврони соҳибистиқлолӣ дар таърихи давлатдории навини тоҷикон мақоми сарнавиштсоз дошта, заминаи устувори ташаккули давлати демокративу ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таъмини суботу оромӣ ва таҳкими ваҳдати миллӣ ба ҳисоб меравад.
Ҳамзамон, иброз гардид, ки эҳтиром ва риояи меъёрҳои Конститутсия, дарки масъулияти шаҳрвандӣ ва тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи эҳтиром ба қонун, арзишҳои миллӣ ва муқаддасоти давлатӣ вазифаи муҳимми ҳар як фарди ҷомеа мебошад.
Интихоби Академияи милитсия ҳамчун макони баргузории чорабинӣ низ рамзӣ буда, ба нақши муассисаҳои таълимии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар тарбияи мутахассисони ҷавон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва таҳкими эҳтиром ба қонун ва ҳуқуқу озодиҳои инсон иртиботи мустақим дорад.
Дар фарҷоми чорабинӣ омӯзгорон ва курсантони Академияи милитсия барои иштироки фаъолона, саҳми арзанда дар корҳои ҷамъиятӣ ва ҳамкории судманд бо Сипосномаи Раиси ноҳияи Шоҳмансур қадрдонӣ гардиданд.
Конститутсия на танҳо санади олии ҳуқуқӣ, балки шиносномаи давлатдории миллӣ, таҷассумгари ормонҳои таърихии миллат ва кафили ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон мебошад. Эҳтиром ба Конститутсия — эҳтиром ба давлат, миллат ва ояндаи дурахшони Тоҷикистони соҳибистиқлол аст!