15px

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ШОҲМАНСУРИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Суханрониҳо
    • Сафарҳои дохилӣ
    • Сафарҳои хориҷӣ
    • Фармонҳо
    • Паёмҳо
    • Барқияҳо
    • Суҳбатҳои телефонӣ
    • Аксҳо
  • Маъмурият
    • Раис
    • Муовинони Раис
    • Дастгохи раис
  • Тақсимоти маъмурӣ
    • Шиносномаи ноҳия
    • Соҳаи комуналӣ
    • Соҳаи иқтисодӣ
    • Соҳаи иҷтимоӣ
    • Соҳаи дин
    • Маориф
    • Тандрустӣ
    • Фарҳанг
    • Ҷавонон ва варзиш
    • Кор бо занон
    • Меъморӣ ва шаҳрсозӣ
    • Ҳунарҳои мардумӣ
  • Аз паём то паём
  • Стратегия
  • Душанбе — пойтахт
  • Нақшаи кулл
  • Нома ба Раис
  • Эълонҳо
  • Тамос
  1. Асоси

КОНСТИТУТСИЯ — КАФИЛИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚУ ОЗОДИҲОИ КӮДАКОНУ НАВРАСОН

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади олии ҳуқуқии давлат заминаи асосии ташаккули ҷомеаи ҳуқуқбунёд, таъмини адолати иҷтимоӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ба ҳисоб меравад. Қабули ин санади тақдирсоз, ки 6 ноябри соли 1994 сурат гирифтааст, дар таърихи давлатдории навини тоҷикон марҳилаи муҳим ва сарнавиштсоз маҳсуб меёбад.
Конститутсия на танҳо ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандонро муайян мекунад, балки барои ҳифзи манфиатҳои гурӯҳҳои осебпазири ҷомеа, бахусус кӯдакону наврасон, заминаи устувори ҳуқуқӣ фароҳам меорад. Зеро кӯдакон ояндаи миллат, идомадиҳандагони суннату арзишҳои миллӣ ва нерӯи пешбарандаи ҷомеаи фардо мебошанд.
Дар моддаи 34-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус таъкид шудааст, ки модару кӯдак таҳти ҳимоя ва ғамхории махсуси давлат қарор доранд. Ин меъёр аҳамияти хоссаи сиёсати иҷтимоии давлатро дар самти ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакон инъикос менамояд.
Ҳуқуқи кӯдак ба зиндагӣ, таҳсил, ҳифзи саломатӣ, истироҳат, иштирок дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва зиндагӣ дар муҳити солиму бехатар аз ҷумлаи ҳуқуқҳои муҳим ба шумор мераванд. Давлат ва ҷомеа вазифадоранд барои фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати рушду камолоти ҳамаҷонибаи насли наврас тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Яке аз самтҳои муҳими татбиқи меъёрҳои конститутсионӣ таъмини ҳуқуқи кӯдакон ба таҳсил мебошад. Зеро маҳз тавассути илму дониш, маърифат ва тарбияи дуруст метавон насли босавод, соҳибмаърифат ва дорои ҷаҳонбинии васеъро ба камол расонд. Таъсиси муассисаҳои таълимӣ, беҳтар намудани шароити таҳсил, дастгирии хонандагони болаёқат ва фароҳам овардани имкониятҳои баробар барои омӯзиш аз ҷумлаи тадбирҳое мебошанд, ки ба татбиқи ин ҳуқуқ равона шудаанд.
Дар баробари ин, ҳифзи кӯдакон аз зӯроварӣ, муносибати бераҳмона, истисмори меҳнатӣ, ҷалб шудан ба амалҳои ғайриқонунӣ ва дигар зуҳуроти номатлуб вазифаи муҳими давлат, оила ва ҷомеа мебошад. Ҳар як кӯдак бояд дар муҳити орому осуда ба воя расида, аз муҳаббат, ғамхорӣ ва дастгирии падару модар бархӯрдор бошад.
Дар ин раванд нақши оила ниҳоят муҳим аст. Падару модар уҳдадоранд барои таълиму тарбияи фарзандон, ҳифзи саломатӣ ва омода намудани онҳо ба зиндагии мустақилона масъулияти ҷиддӣ эҳсос намоянд. Ҳамзамон, муассисаҳои таълимӣ, мақомоти давлатӣ ва сохторҳои ҷамъиятӣ бояд дар ҳамбастагӣ барои пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии онҳо ва тарғиби тарзи ҳаёти солим фаъолият намоянд.
Масъалаи баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии наврасон низ аҳамияти махсус дорад. Зеро кӯдак бояд аз синни хурдсолӣ ҳуқуқу уҳдадориҳои худро донад, эҳтироми қонунро омӯзад, ба ҳуқуқи дигарон арҷ гузорад ва масъулияти шаҳрвандии худро дарк намояд. Баргузории суҳбату вохӯриҳо, дарсҳои ҳуқуқӣ, озмунҳои маърифатӣ ва чорабиниҳои тарбиявӣ метавонад дар ташаккули фарҳанги ҳуқуқии насли наврас нақши муассир гузорад.
Имрӯз, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ бо мушкилоти гуногуни иҷтимоӣ ва таъсири манфии шабакаҳои иҷтимоӣ рӯ ба рӯ мебошад, масъалаи ҳифзи кӯдакону наврасон аз иттилооти зараровар, падидаҳои номатлуб ва таъсири гурӯҳҳои ифротӣ боз ҳам муҳим гардидааст. Аз ин рӯ, баланд бардоштани масъулияти волидон, омӯзгорон ва ҷомеа дар самти назорату роҳнамоии дурусти наврасон зарур мебошад.
Бояд таъкид намуд, ки эҳтиром ба Конститутсия танҳо донистани меъёрҳои он нест, балки риояи қонун, ҳифзи ҳуқуқи инсон, эҳтироми арзишҳои миллӣ ва иҷрои уҳдадориҳои шаҳрвандиро низ дар бар мегирад. Ҳар қадар насли наврас аз ҳуқуқу уҳдадориҳои худ огоҳ бошад, ҳамон андоза ҷомеа ба сӯи ояндаи солиму босубот қадам мегузорад.
Дар маҷмӯъ, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳар як шаҳрванди кишвар, аз ҷумла кӯдакону наврасон, санади ҳимоя ва кафолати ҳуқуқу озодиҳо мебошад. Ҳифзи ҳуқуқи кӯдак — ҳифзи ояндаи миллат аст. Аз ин рӯ, вазифаи муқаддаси ҳар яки мо мебошад, ки дар заминаи арзишҳои конститутсионӣ барои тарбияи насли донишманд, ватандӯст, қонунмеҳвар ва масъулиятшинос саҳми муносиб гузорем.
Бобизода Ҷалолиддин Шералӣ
Сармутахассис-котиби мақомоти
васояту парастории Мақомоти
иҷроияи ҳокимияти давлатии
ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе