Боиси хушнудӣ ва сарфарозист, ки 6-уми ноябри соли 2026 мардуми шарифи Тоҷикистон 32-юмин солгарди Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли худро дар фазои сулҳу субот ҷашн мегиранд. Ин санаи таърихӣ дар қалби оммаи мардуми тоҷик рӯзи эҳёи миллат, баргашт ба эҳёи давлатдорӣ, шукргузорӣ аз меҳан, худшиносиву худогоҳӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ва билохира, рӯзи нахустин Қонуни асосии давлати тозабунёду соҳибистиқлоли тоҷик нақш бастааст. Зеро, бо қабул гардидани ин санади муҳими давлатӣ ҷомеаи ҷаҳонӣ Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона шинохта, бо ин дастовард мақому манзалати кишвар дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд гардид.
Воқеан, ин ҳуҷҷати таърихӣ соҳибистиқлолии давлатии тоҷиконро ба расмият дароварда, асосҳои сиёсиву ҳуқуқӣ ва самтҳои асосии пешрафту инкишофи давлату ҷомеаро бо воситаи меъёрҳои ҳуқуқӣ муайян сохт. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 дар раъйпурсии умумихалқӣ қабул шуда, 26 сентябри соли 1999 ва 22 июни соли 2003 инчунин 22 майи соли 2016 ба он тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд.
Имрӯз мо бо Конститутсияи давлати соҳибистиқлолӣ хеш ифтихор дошта бошем. Зеро он заминаҳои боэътимоди ҳуқуқиву ташкилии дурнамои пешрафти низоми сиёсиву иқтисодӣ ва шакли давлатдориро муайян карда, бо назардошти анъана, тамаддун ва урфу ойини таърихии давлатдории миллӣ, дастовард ва таҷрибаи қонунгузории давлатҳои мутамаддини хориҷӣ ва ҳамчунин, воқеияти низоми ҳуқуқии кишвар таҳия, муҳокима ва қабул шудааст. Шаҳодати он, ин аз ҷониби мутахассисону коршиносони маъруфи як қатор кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ баланд арзёбӣ гардидани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.
Аҳамияти ҳуқуқии Конститутсия бошад, дар он ифода мегардад, ки он ҳамчун ҳуҷҷати заминавӣ эътироф гардида, маҳз дар асоси он низоми қонунгузорӣ ташаккул меёбад ва барои танзими муносибатҳои гуногуни ҷамъиятӣ равона мегарданд. Дар баробари ин, муҳимтарин арзишҳои умумибашариро маҳз Конститутсия дар худ мустаҳкам менамояд, ки минбаъд дар раванди қабул ва татбиқи қонунҳо дар мадди назар қарор додани онҳо барои субъектони ваколатдори давлатӣ ҳатмӣ мебошад.
Бояд гуфт, ки дар асоси моддаи 6-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ мебошад. Ин меъёр бори дигар собит менамояд, ки манбаи ҳокимияти давлатиро халқи Тоҷикистон ташкил медиҳад. Конститутсия аз они халқ буда, барои халқ хизмат мекунад. Дар моддаи зикршудаи Конститутсия таъкид шудааст, ки аз номи халқи Тоҷикистон фақат Президенти Тоҷикистон, Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаҳои якҷояи худ ҳуқуқи сухан гуфтан доранд. Аз ин лиҳоз, ҳар яки мо вазифадорем, ки барои ҳифзи Ватан, сулҳу амният, оромию осоиштагӣ зидди он қувваҳое, ки алайҳи давлату Конститутсияи мо мебошанд, қатъӣ мубориза бурда, ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, давлатамонро ҳифз намоем.
Ҷанбаи ҳуқуқии фаҳмиши Конститутсия аз муқаррароти моддаи 10 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, ки тибқи он: «Конститутсияи Тоҷикистон эътибори олии ҳуқуқӣ дорад ва меъёрҳои он мустақиман амал мекунанд. Қонунҳо ва дигар санадҳои ҳуқуқие, ки хилофи Конститутсия мебошанд, эътибори ҳуқуқӣ надоранд». Бо ин назардошт, бо эътимоди комил гуфтан мумкин аст, ки маҳз мавҷудияти Конститутсия метавонад дар ташаккули давлати ҳуқуқбунёд заминаи боэътимод гузорад.
Амалӣ намудани меъёрҳои Конститутсия ба мо имкон дод, ки пояҳои устувори ҷомеа ва давлатро созмон диҳем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро таҳким бахшем, рушди устувори иқтисодии кишварамонро таъмин намоем, барои ҳар як шаҳрванди мамлакат шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро муҳайё созем.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои истиқлоли давлатӣ такмилу инкишофи қонунгузории кишвар, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон асоси сиёсати ҳуқуқии давлатро ташкил медиҳад. Устувор нигоҳ доштани пояҳои давлати ҳуқуқбунёд аз ҳар замон дида дар шароити пурмоҷарои ҷомеаи ҷаҳонии имрӯза муҳим арзёбӣ мегардад.
Дар баробари ин метавон гуфт, ки ҷомеаи адолатпарвар, давлати ҳуқуқбунёди иҷтимоӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ аз ҷумлаи ҳадафҳои стратегии ҷомеа дар сатҳи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардиданд. Илова ба ин, бузургии Конститутсияи амалкунанда дар он аст, ки мафҳум ва фаҳмиши соҳибихтиёрӣ ва Истиқлолият дар дебоча, моддаҳои 1, 6, 7, 10, 11, 43, 46, 100 ва дигар банду қисмҳои моддаҳои дахлдори Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мустаҳкам шудааст, ки ин масъала дар Конститутсияи солҳои 1929, 1931, 1936 ва 1978 дар ин сатҳу мазмун пешбинӣ нагардида буд. Ин гувоҳи аҳамияти аввалиндараҷа доштани соҳибихтиёрӣ ва Истиқлолият барои ҷомеа, миллат, халқ ва давлат мебошад.
Аз ҷумла, дар қисми аввали моддаи 1-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз ибораи Ҷумҳурии Тоҷикистон «давлати соҳибихтиёр» омадааст. Тибқи моддаи 100-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шакли идораи ҷумҳурӣ, тамомияти арзӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлат тағйирнопазиранд. Ин муқаррароти Конститутсия аз мустақилият ва соҳибихтиёрии давлати Тоҷикистон гувоҳӣ медиҳад. Дар он таъкид мешавад, ки шакли идоракунии давлат, ҳудуди Тоҷикистон, моҳияти демократию ҳуқуқбунёдӣ ва иҷтимоии давлат, ки аломатҳои аввалиндараҷаи давлати соҳибихтиёр мебошанд, тағйирнопазиранд. Аз ин меъёрҳои ҳуқуқии зикршуда бармеояд, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон консепсияи қатъии соҳибихтиёрии ягонаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки дар тамоми қаламрави кишвар паҳн шудааст, муқаррар кардааст.
Воқеан, қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳи минбаъдаи давлату давлатдории моро муайян намуда, ба ташаккули низоми ҳуқуқии миллӣ заминаи воқеӣ фароҳам овард. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист ифодагари манфиатҳои халқи тоҷик бошад, нияту ормони халқро инъикос намояд ва миллати тоҷикро дар арсаи олам муаррифӣ кунад.
Бояд қайд намуд, ки дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асосҳои сохтори конститутсионӣ, вазъи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин тарзи ташкил ва фаъолияти мақомоти давлатӣ мавриди танзим қарор гирифтааст. Бояд ишора намуд, ки халқи сарбаланди тоҷик аз Конститутсияи инсонмеҳвари худ эҳтирому итоат намуданро ба қонунҳо омӯхт ва дарк намуд, ки бунёди ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёд аз афзалият додан ба меъёрҳои санадҳои ҳуқуқии давлат вобаста мебошад. Зеро, зиндагӣ дар ҷомеае хуш хоҳад буд, ки асоси бунёди онро таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва адлу масъулияти баланди давлатдорӣ ташкил диҳад.
Бо ин мақсад, мо воқеан тарафдори таҳкими рушду инкишофи Тоҷикистони соҳибистиқлоли азиз – ҳамчун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёду соҳибистиқлол, таъмини воқеии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, фароҳам овардани шароити арзандаи зиндагонии мардуми кишвар бошем, бояд риояи аниқ ва бечунучарои Конститутсия, қонунҳои дар заминаи он қабулшуда ва дигар санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқиро ҳамчун ӯҳдадорӣ ва одати ҳаррӯзаи худ қарор бидиҳем.