15px

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ШОҲМАНСУРИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Суханрониҳо
    • Сафарҳои дохилӣ
    • Сафарҳои хориҷӣ
    • Фармонҳо
    • Паёмҳо
    • Барқияҳо
    • Суҳбатҳои телефонӣ
    • Аксҳо
  • Маъмурият
    • Раис
    • Муовинони Раис
    • Дастгохи раис
  • Тақсимоти маъмурӣ
    • Шиносномаи ноҳия
    • Соҳаи комуналӣ
    • Соҳаи иқтисодӣ
    • Соҳаи иҷтимоӣ
    • Соҳаи дин
    • Маориф
    • Тандрустӣ
    • Фарҳанг
    • Ҷавонон ва варзиш
    • Кор бо занон
    • Меъморӣ ва шаҳрсозӣ
    • Ҳунарҳои мардумӣ
  • Аз паём то паём
  • Стратегия
  • Душанбе — пойтахт
  • Нақшаи кулл
  • Нома ба Раис
  • Эълонҳо
  • Тамос
  1. Асоси

КОНСТИТУТСИЯ - САНАДИ ОЛИИ ҲУҚУҚӢ ВА РОҲНАМОИ ЗИНДАГИИ БОСАОДАТ

Конститутсия ҳамчун бахтномаи миллат ва санади бунёдии сиёсӣ роҳи минбаъдаи пешрафту тараққиёти давлати озоду демократии моро муайян менамояд.
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар воқеъ ҳамчун санади олии ҳуқуқӣ, бахти миллат ва кафолати зиндагии босаодати ҳар як шаҳрванди кишвар эътироф шудааст. Ин ҳуҷҷати таърихиву тақдирсоз дар марҳилаи ҳассостарини таърихи давлатдории навини тоҷикон қабул гардида, миллати парокандаро муттаҳид ва давлати пошхӯрдаро барқарор намуд.
Конститутсия - заминаи сулҳу ваҳдати миллӣ
6-уми ноябри соли 1994 халқи Тоҷикистон бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ аввалин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлолро қабул намуд. Ин рӯз дар таърихи навини давлатдории мо ҳамчун рӯзи эҳёи миллат сабт шудааст. Маҳз бо ташаббусу хиради сиёсии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Конститутсия ба омили асосии хотима бахшидан ба ҷанги шаҳрвандӣ ва оғози марҳилаи созандагӣ табдил ёфт.
Моддаи 1-уми Конститутсия Тоҷикистонро давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона эълон намуда, инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯро арзиши олӣ эътироф кард. Ин принсип имрӯз дар фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун ҳизби созанда ва пешбарандаи сиёсати давлатӣ ба таври возеҳ амалӣ мегардад.
Кафолати ҳуқуқу озодиҳо ва зиндагии босаодат
Конститутсия на танҳо қонун, балки роҳнамои зиндагии ҳаррӯзаи мост. Дар он тамоми ҳуқуқҳои асосии инсон - ҳуқуқ ба ҳаёт, ба меҳнат, ба таҳсил, ба манзил, ба ҳифзи иҷтимоӣ мустаҳкам гардидааст.
Имрӯз вақте ки ҷавони тоҷик ройгон таҳсил мекунад, вақте занону духтарон дар тамоми соҳаҳо фаъолона иштирок мекунанд, вақте соҳибкорон озодона фаъолият мебаранд - ҳамаи ин амали моддаҳои Конститутсия аст.
ҲХДТ ҳамчун ҳизби ҳокими кишвар татбиқи ин меъёрҳоро вазифаи аввалиндараҷаи худ медонад. Шиори ҳизби мо - "Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи ҳар як фард!" - маҳз аз рӯҳи Конститутсия бармеояд.
Конститутсия - посух ба таҳдидҳои замон
Тағйиру иловаҳои ба Конститутсия воридгардида дар солҳои 1999, 2003 ва 2016 собит намуданд, ки Конститутсияи мо санади зинда ва ҷавобгӯ ба талаботи замон аст. Махсусан тағйироти соли 2016, ки баҳри ҳифзи арзишҳои миллӣ, пешгирии ифротгароӣ ва таҳкими давлати дунявӣ ворид гардиданд, нақши муҳим бозиданд.
Дар шароити ҷаҳони пуртазод, ки бархӯрди тамаддунҳо ва таҳдидҳои террористӣ зиёд шудаанд, Конститутсияи мо сипари боэътимоди истиқлолият, дунявият ва якпорчагии Тоҷикистон аст.
Рисолати ҳар як шаҳрванди бонангу номус аз он иборат аст, ки Конститутсияро на танҳо эҳтиром кунад, балки муқаррароти онро дар фаъолияти ҳаррӯзаи худ татбиқ намояд, ба насли наврас моҳияти онро фаҳмонад ва зидди ҳар гуна қонуншиканиву беҳуқуқӣ мубориза барад.
Бигзор Конститутсия - ин бахтномаи миллат ҳамеша роҳнамои мо ба сӯи зиндагии босаодат, ҷомеаи адолатпарвар ва Тоҷикистони ободу пешрафта бошад!
Ақсақолова Умеда
Сармутахассиси бахши кор бо занон ва оилаи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе