15px

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ШОҲМАНСУРИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Суханрониҳо
    • Сафарҳои дохилӣ
    • Сафарҳои хориҷӣ
    • Фармонҳо
    • Паёмҳо
    • Барқияҳо
    • Суҳбатҳои телефонӣ
    • Аксҳо
  • Маъмурият
    • Раис
    • Муовинони Раис
    • Дастгохи раис
  • Тақсимоти маъмурӣ
    • Шиносномаи ноҳия
    • Соҳаи комуналӣ
    • Соҳаи иқтисодӣ
    • Соҳаи иҷтимоӣ
    • Соҳаи дин
    • Маориф
    • Тандрустӣ
    • Фарҳанг
    • Ҷавонон ва варзиш
    • Кор бо занон
    • Меъморӣ ва шаҳрсозӣ
    • Ҳунарҳои мардумӣ
  • Аз паём то паём
  • Стратегия
  • Душанбе — пойтахт
  • Нақшаи кулл
  • Нома ба Раис
  • Эълонҳо
  • Тамос
  1. Асоси

Корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати пешгирии воридшавии ноболиғон ба марказҳои дилхушӣ ва интернет-кафеҳо дар вақти шабона

Тибқи нақшаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдак рейдҳои муштарак ҷиҳати иҷрои қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 6 июни соли 2017, №321 «Дар бораи манъ кардани воридшавии ноболиғон ба марказҳои дилхушӣ ва интернет-кафеҳо дар вақти шабона» санаи 23 июли соли 2026 аз ҷониби аъзои Комиссия, котиби мақомоти васояту парасторӣ, шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси ноҳия, шуъбаи иқтисод, савдо ва мониторинги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, бахши ҳуқуқи дастгоҳи Раиси ноҳия, бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия, бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, Шуъбаи огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғону ҷавонони ШВКД №1 (ШОПҲНҶ) дар ноҳия, намояндаи Шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар ноҳия, рейдҳои муштарак дар суроғаҳои С. Айнӣ 5, С. Айнӣ 7, С. Айнӣ 15а, Рӯдакӣ 30/1, (толори сақозани “Кибер-Клуб”, интернет-кафе “Ҳука-Стейнен”, интернет-кафе “Parking”, интернет-кафе “Colizeum”) баъди соати муайяншудаи реҷаи корӣ кору фаъолият намуда истода буданд. Аз 66 нафар одамони ҳангоми рейдҳо муайяншуда 4 нафарашонро ноболиғон ташкил медод, ки дар алоҳидагӣ бо ҳар як ноболиғ аз ҷониби аъзои гурӯҳ суҳбатҳои инфиродӣ гузаронида шуд.
Инчунин, нисбати масъулини марказҳои дилхушӣ ва марказҳои бозиҳои компютерии болозикр оид ба риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак” ва қарорҳои болозикр корҳои фаҳмондадиҳӣ ва профилактикӣ гузаронида шуд.