15px

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ШОҲМАНСУРИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Суханрониҳо
    • Сафарҳои дохилӣ
    • Сафарҳои хориҷӣ
    • Фармонҳо
    • Паёмҳо
    • Барқияҳо
    • Суҳбатҳои телефонӣ
    • Аксҳо
  • Маъмурият
    • Раис
    • Муовинони Раис
    • Дастгохи раис
  • Тақсимоти маъмурӣ
    • Шиносномаи ноҳия
    • Соҳаи комуналӣ
    • Соҳаи иқтисодӣ
    • Соҳаи иҷтимоӣ
    • Соҳаи дин
    • Маориф
    • Тандрустӣ
    • Фарҳанг
    • Ҷавонон ва варзиш
    • Кор бо занон
    • Меъморӣ ва шаҳрсозӣ
    • Ҳунарҳои мардумӣ
  • Аз паём то паём
  • Стратегия
  • Душанбе — пойтахт
  • Нақшаи кулл
  • Нома ба Раис
  • Эълонҳо
  • Тамос
  1. Асоси

Корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати пешгирии воридшавии ноболиғон ба марказҳои дилхушӣ ва интернет-кафе

Тибқи нақшаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ҷиҳати иҷрои қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 6 июни соли 2017, №321 «Дар бораи манъ кардани воридшавии ноболиғон ба марказҳои дилхушӣ ва интернет-кафеҳо дар вақти шабона» ва мактуби Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 июли соли 2026, №02-337469, санаи 5 августи соли 2026 аз ҷониби аъзои Комиссия, котиби мақомоти васояту парасторӣ, шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, шуъбаи иқтисод, савдо ва мониторинг, бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия, гурӯҳи мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир (ГМЗГҒММ) ва шуъбаи огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғону ҷавонони ШВКД-2 дар ноҳия (ШОПҲНҶ) дар марказҳои дилхушӣ ва интернет-кафеҳои воқеъ дар кӯчаҳои С. Айнӣ, С. Айнӣ 71/48, С. Айнӣ 52/46, С. Айнӣ (3-база), Дӯстии халқҳо, аз ҷумла толори сақозании «AMG», интернет-кафеҳои «CYBER CLUB» ва «APEX», инчунин чилимхонаҳои «Dior Lounge» ва «MARS», пас аз соати муқарраргардидаи фаъолияти онҳо рейдҳои муштарак гузаронида шуданд.
Ҳангоми баргузории рейдҳо 70 нафар баъд аз анҷоми вақти муқарраргардидаи фаъолият дар ин иншоот муайян карда шуданд, ки аз онҳо 2 нафар ноболиғ буданд. Бо ҳар як ноболиғ дар алоҳидагӣ аз ҷониби аъзои гурӯҳи корӣ суҳбатҳои инфиродии фаҳмондадиҳӣ баргузор гардиданд.
Инчунин нисбати масъулини марказҳои дилхушӣ ва марказҳои бозиҳои компютерии болозикр вобаста ба риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» корҳои фаҳмондадиҳӣ ва чорабиниҳои профилактикӣ гузаронида шуданд.