Дар асоси нақшаи чорабиниҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба тартиби дурусти амал намудан ҳангоми рух додани ҳолатҳои фавқулодда, аз ҷумла заминларза ва сӯхтор, гузаронида шуданд.
Чорабини аз ҷониби бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании шаҳри Душанбе дар ноҳияи Шоҳмансур дар ҳамкорӣ бо намояндагони Кумита, хадамоти давлатии оташнишонӣ ва тиббии ноҳия ва Дастаи махсуси зудҳаракатии Раёсати Кумита дар шаҳри Душанбе ташкил ва амалӣ гардиданд.
Дар доираи корҳои фаҳмондадиҳӣ бо истиқоматкунандагони биноҳои баландошёнаи воқеъ дар кӯчаи Айнӣ, биноҳои 50 ва 51, суҳбату вохӯри баргузор гардида, ба сокинон оид ба риояи қоидаҳои бехатарӣ, пешгирии ҳолатҳои фавқулодда ва тартиби дурусти рафтор ҳангоми заминларза ва сар задани сӯхтор маълумот пешниҳод карда шуд. Ҳамзамон, ба иштирокдорон маводи иттилоотӣ тақсим гардида, аҳаммияти омодагӣ ва риояи тавсияҳои мутахассисон ҷиҳати ҳифзи ҳаёт ва саломатии шаҳрвандон таъкид гардид.