15px

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ШОҲМАНСУРИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Суханрониҳо
    • Сафарҳои дохилӣ
    • Сафарҳои хориҷӣ
    • Фармонҳо
    • Паёмҳо
    • Барқияҳо
    • Суҳбатҳои телефонӣ
    • Аксҳо
  • Маъмурият
    • Раис
    • Муовинони Раис
    • Дастгохи раис
  • Тақсимоти маъмурӣ
    • Шиносномаи ноҳия
    • Соҳаи комуналӣ
    • Соҳаи иқтисодӣ
    • Соҳаи иҷтимоӣ
    • Соҳаи дин
    • Маориф
    • Тандрустӣ
    • Фарҳанг
    • Ҷавонон ва варзиш
    • Кор бо занон
    • Меъморӣ ва шаҳрсозӣ
    • Ҳунарҳои мардумӣ
  • Аз паём то паём
  • Стратегия
  • Душанбе — пойтахт
  • Нақшаи кулл
  • Нома ба Раис
  • Эълонҳо
  • Тамос
  1. Асоси

КОРМАНДОНИ СОҲАИ МАОРИФИ НОҲИЯИ ШОҲМАНСУР БОҶОИЗАИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА МУКОФОТҲОИ ДАВЛАТӢ САРФАРОЗ ГАРДИДАНД

Дар арафаи таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади қадршиносӣ аз хизматҳои арзандаи кормандони соҳаҳои гуногун як қатор намояндагони соҳаи маорифи ноҳияи Шоҳмансур бо мукофотҳои давлатӣ ва соҳавӣ сарфароз гардиданд.
Аз ҷумла, директори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №31 Маҳмадсаидзода Шаҳноза Маҳмадсаид бо медали «Хизмати шоиста», мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Шоҳмансур Бобозода Асомиддин Ҳасан бо Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мудири Муассисаи таҳсилоти томактабии №1 Сайдаҳмадзода Ҳусноро бо Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф сарфароз гардонида шуданд.
Қадрдонии мазкур бозгӯи таваҷҷуҳи хоссаи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаи маориф, баланд бардоштани мақоми омӯзгор ва қадршиносӣ аз меҳнати содиқонаи кормандони соҳа мебошад. Ин мукофотҳои арзанда кормандони соҳаи маорифро ба фаъолияти боз ҳам пурсамар, масъулияти бештар ва саҳми арзанда дар таълиму тарбияи насли наврас ҳидоят менамоянд.