Имрӯз дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид. Дар он муовини раиси ноҳияи Шоҳмансур Заррина Зуҳурзода, Ато Мирхоҷа — шоири халқии Тоҷикистон, барандаи ҷоизаи давлатии ба номи А. Рӯдакӣ, сармуҳаррири маҷаллаи «Садои Шарқ»,
Розиқов Фирӯз — сардори Раёсати экспертизаи забонишиносии МД «Маркази миллии тарҷума»-и назди Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,
Раҷабзода Ҳабибулло — намояндаи Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони сохторҳои ноҳиявӣ, роҳбарону кормандони мақомоти давлатӣ ва дигар меҳмонони даъватшуда иштирок намуданд.
Маҷлиси тантанавӣ бо мақсади арҷгузорӣ ба мақому манзалати забони давлатӣ, таҳкими эҳсоси худшиносӣ ва ифтихори миллӣ, инчунин баланд бардоштани фарҳанги забондонӣ ва риояи меъёрҳои забони адабии тоҷикӣ баргузор карда шуд.
Зимни маҷлис таъкид гардид, ки забони давлатӣ яке аз рукнҳои асосии давлатдории миллӣ ва омили муҳими ҳифзи ҳувияти миллӣ, таҳкими ваҳдат ва худшиносии ҷомеа ба ҳисоб меравад. Забони тоҷикӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои таърихию фарҳангӣ дар тӯли садсолаҳо нақши муҳимро дар ҳифзи ҳастии маънавии миллат, интиқоли арзишҳои миллӣ аз насл ба насл ва ташаккули ҷаҳонбинии мардум иҷро намудааст. Дар ин замина, таваҷҷуҳ ба покизагии забон, риояи меъёрҳои имлою забони адабӣ ва истифодаи дурусти забони давлатӣ дар муоширати расмӣ ва фаъолияти ҳаррӯзаи шаҳрвандон аз масъалаҳои муҳим арзёбӣ гардид.
Дар идомаи маҷлис суханронҳо доир ба сиёсати фарҳангпарварона ва хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҳифз, мақом ва рушди забони давлатӣ ибрози назар намуда, нақши забони тоҷикӣ дар таҳкими давлатдории миллӣ, худшиносии ҷомеа ва тарбияи насли наврасу ҷавонро муҳим арзёбӣ карданд. Таъкид гардид, ки дар замони соҳибистиқлолӣ барои рушди забони давлатӣ ва баланд бардоштани фарҳанги забондонии ҷомеа таваҷҷуҳи пайваста зоҳир мегардад. Дар идомаи ин сиёсати созанда Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ низ ба рушди муҳити фарҳангӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ва риояи меъёрҳои забони давлатӣ дар пойтахт таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоянд.
Дар фарҷоми маҷлис таъкид шуд, ки дар шароити соҳибистиқлолӣ забони тоҷикӣ ҳамчун яке аз муҳимтарин рукнҳои давлатдории миллӣ ба рушди пайваста ниёз дошта, ҳифзи асолат, покизагӣ ва ғановати он масъулияти умумии ҷомеа мебошад.