15px

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ШОҲМАНСУРИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Суханрониҳо
    • Сафарҳои дохилӣ
    • Сафарҳои хориҷӣ
    • Фармонҳо
    • Паёмҳо
    • Барқияҳо
    • Суҳбатҳои телефонӣ
    • Аксҳо
  • Маъмурият
    • Раис
    • Муовинони Раис
    • Дастгохи раис
  • Тақсимоти маъмурӣ
    • Шиносномаи ноҳия
    • Соҳаи комуналӣ
    • Соҳаи иқтисодӣ
    • Соҳаи иҷтимоӣ
    • Соҳаи дин
    • Маориф
    • Тандрустӣ
    • Фарҳанг
    • Ҷавонон ва варзиш
    • Кор бо занон
    • Меъморӣ ва шаҳрсозӣ
    • Ҳунарҳои мардумӣ
  • Аз паём то паём
  • Стратегия
  • Душанбе — пойтахт
  • Нақшаи кулл
  • Нома ба Раис
  • Эълонҳо
  • Тамос
  1. Асоси

МАҚОМИ ЗАН ДАР ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

 

Дар ҳошияи паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар аз 16-уми декабри соли 2025 “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ”

 

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақоми олии қонунгузори кишвар, барномаи рушди ҷомеа ва давлат маҳсуб ёфта, самтҳои асосии ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангии мамлакатро муайян менамояд. Паём яке аз рукнҳои муҳим ва муосири давлатдории миллии мо - тоҷикон буда, ҳамчун дастоварди замони Истиқлол ба ҳисоб меёбад. Чунки тавассути ин санади расмӣ, самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат барои як сол муайян карда мешаванд.

Паём, яъне суханони самимии Пешвои миллат ба ҳар як ҳамватан пайғоми пурифтихори насли имрӯз ба наслҳои фардо ва садои баланду созандаи давлату миллати Тоҷикистон мебошад.

Паёми Пешвои муаззами миллат ба мақоми олии қонунгузори кишвар, аҳаммияти муҳимми сиёсӣ, назариявӣ, илмӣ, таҳлилӣ, ояндабинӣ ва амалиро доро буда, чун роҳнамо барои муайянсозӣ ва тадбиқи амалии ормонҳои миллӣ хизмат менамояд.

Паём ҳамчун барномаи пешбурди фаъолияти касбӣ, рӯзгори сокинони сарбаланди Тоҷикистон ва муайянсозандаи фалсафаи давлатдории миллӣ буда, пеш аз ҳама, барои мақомоти ҳокимияти давлатӣ, сохторҳои идоракунӣ, вазорату идораҳо, муассисаҳо, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, аҳаммияти муҳим дошта, онҳоро барои иҷрои ҳадафҳои ояндасоз сафарбар менамояд.

Ироаи Паём дар шароити соҳибистиқлолии ватани азизамон - Тоҷикистон, муҳимтарин комёбӣ дар ҷодаи давлатдории миллӣ буда, ҳамасола ба ҳукми анъана даромадааст.

Дар баробари таҳлили фаъолияти сохторҳои давлатии мамлакат  саҳми назарраси занону бонувон низ дар рушди бемайлони соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи кишвар, иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷумҳурӣ мавриди натиҷагирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор гирифтанд.

Албатта, мавзуи зан - модар ва мақому манзалати онҳо дар ҷомеа, яке аз муҳимтарин арзише мебошад, ки тамоми олимону донишмандон, шоирону нависандагон, умуман, инсоният атрофи он андешаҳои худро баён намуда, муҳаббату садоқати хешро бо ҳар роҳу равиш изҳор намудаанд.

Зан дар ҷомеа нақши бисёр муҳим дорад. Ӯ на танҳо модар ва тарбиятгари фарзандон аст, балки дар пешрафти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии давлат низ саҳми арзанда мегузорад. Дар паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии кишвар ба масъалаи баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа диққати махсус дода мешавад.

Президенти кишвар дар паёмҳои худ борҳо таъкид менамояд, ки бо иштироки фаъолонаи занон рушди ҷомеа аст. Занон имрӯз дар тамоми соҳаҳои ҳаёти кишвар — маориф, тандурустӣ, илм, фарҳанг ва идоракунии давлатӣ кору фаъолият доранд. Давлат барои фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати таҳсил ва фаъолияти занону духтарон тадбирҳои муҳим меандешад.

Яке аз самтҳои муҳимми сиёсати давлатӣ дастгирии духтарон ба ҳисоб меравад. Тавассути квотаҳои Президентӣ ва барномаҳои махсуси таълимӣ ба духтарон имкон дода мешавад, ки дар донишгоҳҳо таҳсил намуда, ҳамчун мутахассисони баландихтисос ба камол расанд. Ин иқдомҳо барои боло бурдани сатҳи маърифат ва худшиносии занон аҳаммияти бузург доранд.

Ҳамчунин, дар паёми Президент ба масъалаи ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои занон, таҳкими оила ва пешгирии табъизи занон аҳаммияти махсус дода мешавад. Қадршиносии зан ҳамчун узви фаъоли ҷомеа ва дастгирии ҳамаҷонибаи онҳо яке аз ҳадафҳои асосии давлату Ҳукумати мамлакат мебошад.

Мақоми зан дар паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле баланд арзёбӣ мегардад. Занон ҳамчун қувваи пешбарандаи ҷомеа эътироф шуда, дастгирии онҳо омили муҳимми рушди устувори кишвар ба ҳисоб меравад.

 

Фарида АЛИЗОДА,

мудири бахши кор бо занон ва оилаи

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур