Дар мусобиқаи байналмилалии ҷудо миёни наврасон Hoji Sharif Dushanbe Grand Prix Juniors 2026 ҷудокорбонуи тоҷик, тарбиятгирандаи Муассисаи давлатии "Мактаби варзишии №1-"и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Мадина Қурбонзода дар вазни то 52 кг баромади муваффақ нишон дода, сазовори медали нуқра гардид.
Ӯ дар рақобати ниҳоӣ бо варзишгар Валерия Козлова аз Федератсияи Россия қувваозмоӣ намуда, мақоми дуюмро ишғол кард.
Дастоварди Мадина Қурбонзода боиси ифтихор буда, аз маҳорати баланди варзишӣ, заҳматҳои пайваста ва омодагии хуби ӯ шаҳодат медиҳад.