МАКТАБИ ВАРЗИШӢ ВА ВАРЗИШГАРИ НАВРАСИ НОҲИЯ БО ДИПЛОМ ҚАДРДОНӢ ГАРДИДАНД
Муассисаи давлатии "Мактаби варзишии рақами 1"-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе беҳтарин сохтори маҳаллӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва омавигардонии варзиш дар соли 2025, инчунин Муҳаммад Шарифзода беҳтарин варзишгари наврас дар соли 2025 дониста шуда, бо Дипломи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ гардиданд. Дипломҳо аз ҷониби Раиси ноҳия муҳтарам Сафар Маҳмадшо ба ғолибон тақдим гардид.