Иқтисодиёт ва молия
Нақшаи контингенти умумии даромадҳо ба маблағи 1363,1
миллион сомониро ташкил дода, ба буҷети давлатӣ маблағҳои андозӣ ва ғайриандозӣ
ба маблағи 1550,9 миллион сомонӣ ворид шудааст, ки нисбат ба соли 2024 ба маблағи
279,8 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Қисми даромади буҷети маҳаллӣ дар давраи ҳисоботӣ 101,7
фоиз иҷро гардид. Нақшаи аниқгардида 413,3 миллион сомониро ташкил дода, дар
асл бошад 416,1 миллион сомонӣ даромадҳои андозӣ ва ғайриандозӣ ба буҷети маҳаллӣ
ворид гаштанд. Нисбати нақша ба буҷет 2,8 миллион сомонӣ зиёд ворид шуд.
Нақшаи тасдиrгардида қисми хароҷоти буҷети маҳаллӣ 99,9
фоиз таъмин гардида, нисбати соли
2024-ум 23,1 фоиз ё 78,7 миллион сомонӣ ба соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия зиёд
маблағ равона шудааст. Нақшаи аниқгардидаи хароҷотҳои буҷети маҳаллӣ 419,3 миллион
сомониро ташкил дода, дар асл 419,2 миллион сомонӣ харҷ гардидааст.
Иҷроиши хароҷотҳои буҷети маҳаллӣ дар соҳаҳои хоҷагии халқ
чунинанд:
|
Номгӯйи
хароҷот |
Маблағ (нақша) |
Маблағ (иҷро) |
Фоиз |
|
Хароҷотҳои
мақомоти иҷроия |
3775748 |
3775294 |
99,9% |
|
Хароҷотҳои
соҳаи маориф |
202089821 |
202054926 |
99,9% |
|
Хароҷотҳои
соҳаи тандурустӣ |
91699171 |
91696224 |
99,9% |
|
Хароҷотҳои
соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ |
1925382 |
1924888 |
100
% |
|
Хароҷотҳои
коммуналию манзилӣ |
117477849 |
117475610 |
99,9% |
|
Соҳаи фарҳанг
ва варзиш |
300132 |
299663 |
99,9% |
|
Дигар соҳаҳо
|
2019131 |
2018684 |
99,9% |
|
Ҳамагӣ: |
419287234 |
419245290 |
99,9% |
Саноат
Таъсиси ҷойҳои кории нав, иловагӣ ва барқарор шуда бошад
дар маҷмуъ 9376 ададро ташкил медиҳад, ки аз ҳисоби корхонаву ташкилотҳо 8126
адад ва аз ҳисоби соҳибкорон 1200 ҷой таъси дода шудааст.
Энергияи барқ
Дар давраи ҳисоботӣ дар ҳаҷми 930 миллион 380 ҳазор киловатт - соат энергияи барқ қабул
гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 56 миллион 450 ҳазор киловатт - соат зиёд мебошад. (соли гузшта
873 миллиону 920, нисбати соли гузашта 56 милл 450 кв соат зиёд мебошад)
Маблағи умумии ҳисобишудаи энергияи барқ ба 383 миллиону 470 ҳазору 510
сомонӣ баробар шуда, ҷамъоварии он 365 миллиону 895 ҳазору 580 сомониро ташкил
дод, ки он 98,5 фоизи нақшаро таъмин намуд.
Маблаuи қарзи ҷорӣ 111 миллиону 149 ҳазору 171 сомониро ташкил дод, ки нисбат ба
{амин давраи соли 2024, ба маблаги 95 миллиону 436 хазору 400 сомонb кам
гаштааст.
Нақлиёт
Дар ин давра ба ҳама намудҳои нақлиёт 3999,8 ҳазор тонна
борҳо кашонида шудааст (ҳамин давраи соли гузашта 2024, 3992,7 ҳазор тонна), ки
ин 100,2 фоизро ташкил дода, 7,1 ҳазор тонна зиёд мебошад. Гардиши боркашонӣ ба
201,5 миллион тонна-километр расонида шуд (соли 2024 – 186,1 миллион
тонна-километр), ки ин ба 108,3 % баробар буда, 15,4 миллион тонна зиёд
мебошад.
Дар давраи ҳисоботӣ ба ҳама намуди нақлиёт 69328,2 ҳазор
нафар мусофир кашонида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3191,9 ҳазор
мусофир кам буда, 95,6 фоиз мебошад.
Гардиши мусофирон 360,4 миллион нафар мусофир-километрро
ташкил дод, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 25,3 миллион мусофир-километр кам
буда, 93,4 фоиз мебошад.
Хизмати маишӣ
Муассисаҳои хизматрасонӣ ба аҳолӣ ба маблағи 303,2 миллион
сомонӣ хизмат расониданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 152,9 миллион
сомонӣ зиёд буда, 201,7 фоизро ташкил медиҳад.
Ба аҳолӣ ба маблағи 7 миллиарду 819,2 миллион сомонӣ
хизматрасонии пулакӣ расонида шуд, ки ин дар қиёс ба 109,5 фоизи нишондиҳандаи ҳамин
давраи соли гузашта барорбар буда, 681 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Соҳибкорӣ
Имрӯз ба соҳибкорӣ, ки омили асосии пешрафти ҷомеаи шаҳрвандӣ
мебошад, дар ноҳия диққату эътибори ҳаматарафа дода мешавад.
Шумораи шахсони ҳуқуқӣ дар ин давра 3089 адад, шумораи соҳибкорони
инфироди бошад, 5982 нафар, аз ҷумла бо патент 1669 нафар, шаҳодатнома 2891
адад, шаҳодатнома бо шартҳои махсус 1161 адад ва хоҷагии деҳқонӣ 262 ададро
ташкил медиҳад.
Кишоварзӣ
Дар ноҳия 1023,06 гектар заминҳои кишоварзӣ вуҷуд дорад,
ки аз ин 494,0 гектар хоҷагиҳои деҳқонӣ
ва 512 гектар заминҳои хоҷагиҳои аҳолӣ ва 17,06 гектар заминҳои ёрирасон (Президентӣ)
рост меояд.
Тибқи нақшаи дурнамои тасдиқшудаи соли 2025 дар майдони 603
гектар замин барои кишти тирамоҳӣ, баҳорӣ ва такрорӣ ба нақша гирифта шудааст,
ки иҷрои он то ин давр ба 655,9 гектар ё ин ки 109% расонида шудааст ва корҳо
дар ин самт бо маром идома доранд.
Дар бахши аҳолӣ 42 гектар майдони замин барои кишти
зироатҳои гуногун ба нақша гирифта шуда, то ин давра 180 гектар кишт гузаронида,
нисбат ба нақшаи пешниҳодшуда 138,0 гектар зиёд ё ин, ки 428,6% -и нақшаро дар
бар мегирад.
Дар соли 2025 ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзӣ дар ҳамаи
шаклҳои хоҷагидории ноҳия ба 13 283,6 тонна расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин
давраи соли гузашта 1326,3 тонна ё ин ки 11,5% аз нақша зиёд иҷро гардидааст.
Бояд қайд намуд, ки дар ҳудуди ноҳия 12,7 гектар майдони
гармхонаҳо фаъолият доранд, ки аз ин 3,35 гектар доимамалкунанда ва 9,35
гектарашро мавсимӣ ташкил медиҳад. Асосан, дар гармхонаҳо сабзавотҳо нашъунамои
ниҳолҳо хеле хуб буда, ҳосили ин гармхонаҳо дар давоми соли ҷорӣ якчанд
маротиба ба бозорҳои пойтахт бо нархҳои дастрас пешкаши сокинон гардидааст.
Ёдовар мешавем, ки аз тарафи хоҷагиҳои деҳқонии ноҳия
барои сарсабзу хуррам ва тоза гардонидани ҳифзи муҳити зисти ҳудуди шаҳр, зиёда
аз 3421 бех дарахтони ороишву мевадиҳанда ва сояафкан бо риояи қойдаҳои
агротехникӣ шинонида шуд.
Ҷиҳати беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳои
обёришавандаи кишоварзӣ Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур,
дар якҷояги бо Раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳияи
Шоҳмансур, Раёсати обёрии шаҳри Душанбе ва хоҷагиҳои деҳқонии ноҳия зиёда аз 22,8
ҳазор метри тӯлонӣ заҳбуру заҳкашҳо ва 95,5 ҳазор метри тӯлонӣ ҷуйборҳои
обгузарро аз гилу партовҳои маишӣ тоза намуда, қисми
зиёди хоҷагидорон бо оби поези таъмин гардониданд.
Яке аз бахшҳои асосии фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи
Шоҳмансури шаҳри Душанбе ба ҳисоб рафта, баҳри рушди ҳамаҷонибаи он пайваста
чораҳои муоссир амалӣ гардида истодааст.
Дар ноҳия 30 адад муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва 21 адад маркази
инкишофи кӯдак, ки аз ин 11 адад буҷавӣ бо фарогирии 5389 нафар
тарбиятгирандагон ва 291 нафар мураббияҳо фаъолият намуда истодаанд.
Дар баробари ин, дар 40 муассисаи
таҳсилоти миёнаи умумӣ, аз ҷумла 29 адад буҷавӣ бо фарогирии 62 358 нафар
хонанда фаъолият менамояд, ки аз ин шумора 29 731 нафарро духтарон ташкил
медиҳад. Айни замон дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия 2324 нафар
омӯзгорон фаъолият доранд, ки аз ин шумора 1842 нафарро бонувон ташкил
медиҳанд. Боиси ёдоварист, ки 130 нафар омӯзгорон бо унвонии Аълочии маориф ва
илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, 6 нафар бо унвонии “Медали шоиста” ва 8 нафар
номзадҳои илм дар муассисаҳои таълимӣ кору фаъолият доранд.
Балли миёнаи умумӣ 45%-ро ташкил медиҳад, азхудкунии барномаи таълимӣ бошад,
99,6% ва сифати таҳсилот дар ноҳия 47,3%-ро дар бар мегирад, ки нисбат ба ҳамин
давраи соли гузашта 2,1% сифати таҳсилот, азхудкунии барномаҳо 1,5% ва холи
миёна 0,9% хуб ба назар мерасад.
Қайд кардан ба маврид аст, ки дар соли таҳсили 2024-2025 дар 14 Олимпиадаи
баргузоргардида 963 нафар ширкат варзида, 234 нафар ғолиби озмун дониста шуда,
сазовори ҷойи якум, дуюм, сеюм ва ифтихорӣ гардиданд.
Рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа
Барои таъмини иҷрои босифат, самаранок ва саривақтии
вазифаҳое, ки дар паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2024
зикр гардидаанд, ҷадвали баргузории вохӯриҳои масъулини мақомот оид ба шарҳу
тавзеҳи моҳияти паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хусуси қоидаҳои шаҳрнишинӣ,
фарҳанги либоспӯшии бегона, гаравидани ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои
ифротгароиву тундрав, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият барои таълиму
тарбияи кӯдак”, “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”
хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирии бемориҳои
сироятӣ ва дигар санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ дар маҳаллаҳои ҳудуди ноҳия тибқи нақшаи
корӣ беш аз 182 мулоқоту вохӯриҳо гузаронида шуд.
Дар самти
бартараф намудани шиору навиштаҷотҳо ва парчамҳои фарсудаву офтобзада якҷо бо
мутахассисони Муассисаи давлатии “Рекламаи берунӣ ва ороиши шаҳри Душанбе” дар
кӯчаҳои С. Айнӣ, Лоҳутӣ, А. Дониш, М. Мастонгулов, Нисор Муҳаммад, М.Назаршоев,
Бухоро, Адхамов, Ак. Раxабовҳо, Ғ.Валаматзода, Дӯстии халқҳо, М.Турсунзода,
К.Беҳзод ва хиёбони Рӯдакӣ санҷишҳо
гузаронида, беш аз 1010 адад парчамҳои фарсуда ва 232 адад шиору навиштаҷотҳои
офтобзада бартараф ва иваз карда шуданд.
Дар самти
татбиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
“Дар бораи танзими ҷашну маросим”, “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи
кӯдак” 34 мулоқоту вохӯриҳо дар муассисаҳои тандурустӣ бо кормандони соҳаи тиб,
73 вохӯрӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия бо кормандони соҳаи маориф, 137
мулоқоту вохӯрӣ бо сокинони шаҳраку маҳаллаҳо ва 12 мулоқот дар корхонаҳои
саноатии ҳудуди ноҳия баргузор гардид.
Дар ноҳия 79
ташкилотҳои ҷамъиятӣ ҷойгир буда, вобаста ба самтҳои гуногун кору фаъолият
менамоянд. Дар баробари ин дар қаламрави
ноҳияи Шоҳмансур намояндагии шаш ҳизбҳои сиёсӣ кору фаъолият доранд.
Иттилоот
Дар самти тарғибу
ташфиқ аз ҷониби бахши иттилоот дар соли 2025 беш аз 300 мақолаву хабару
гузориш дар шабакаи иҷтимоии фейсбук ва сомонаи расмии мақомоти иҷроияи ҳокимияти
давлатии ноҳия - shohmansur.tj нашр шудааст. Аз ҷумла 70 мақола вобаста ба
шарҳу тавзеҳи паём, вокуниш вобаста ба масъалаҳои пешгирии экстремизму
терроризм, омилҳои коррупсионӣ, савдои одамон, тарғибу дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ,
сулҳу субот, ваҳдату ҳамдилӣ, созандагию бунёдкорӣ ва дигар масъалаҳои мубрам
нашр гардидаанд.
Тандурустӣ
Соҳаи
тандурустӣ яке аз самтҳои афзалиятнок ба ҳисоб рафта, дар ноҳия шумораи умумии
муассисаҳои тандурустӣ 33 ададро ташкил дода, аз ин 8 адад аз буҷети маҳаллӣ
маблағгузорӣ мешаванд.
Шумораи
умумии кормандон 3870, ки аз ин шумора 2670 нафар бонувон буда, 1107 нафар
табиб, 1570 нафар ҳамшира ва бародари тиб, 1193 нафар маъмурият ва кормандони
техникӣ фаъолият менамоянд.
Шумораи
катҳо дар беморхонаҳо 970 ададро ташкил медиҳад.
Фарҳанг
Бахши
фарҳанги ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе в обаста ба ҳамаи иду ҷашнвораҳои
миллӣ, аз ҷумла ҷашни Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 8 март – “Рӯзи
Модар”, ҷашни байналмилалии Наврӯз-2025, Рӯзи Пойтахт, Рӯзи ҷаҳонии Футбол, 1
иню - Рӯзи кӯдак, 27 июн Рӯзи Ваҳдати миллӣ, 9 сентябр – Рӯзи Истиқлоли давлатӣ,
6 ноябр – Рӯзи Конститутсия, 16 ноябр – Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 24
ноябр – Рӯзи Парчами миллӣ ва бахшида ба Соли нави мелодӣ барномаҳои
фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор намуд.
Ҳамзамон, вобаста
ба озмуни чумҳуриявии “Тоҷикистон – Ватани азизи ман!”, озмуни ҷумҳуриявии телевизионии
эҷодиёти халқ” Андалеб-2025”, озмуни шаҳрии “Беҳтарин донандаи китобҳои асарҳои
Пешвои миллат”, озмуни Ҳамсароён”, “Кадбонуи беҳтарин” ва дигар озмунҳо
ҷорабиниҳои фарҳангӣ – фароғатӣ баргузор намуд.
Ҳифзи иҷтимоӣ
Дар ноҳияи Шоҳмансур 18 063 нафар
нафақахӯрон ба қайд гирифта шудаанд, ки дар давраи ҳисоботӣ барои пардохт
намудани нафақаи онҳо маблағи 119,9 миллион сомонӣ ҷудо гардида, пурра пардохт
шудааст.
Дар ин давра
17 нафар ба осоишгоҳи “Ромит”, 20 нафар ба осоишгоҳи “Харангон”, 3 нафар ба осоишгоҳи “Дӯстӣ”, 2 нафар ба осоишгоҳи “Зумрат”, 1 нафар ба осоишгоҳи “Хоҷа Обигарм” ва 1 нафар ба осоишгоҳи “Баҳористон” равон карда шуданд.
Дар таҷлили иди Наврӯз ва арафаи
иди Саиди Фитр аз тарафи шахсони саховатпешаи ноҳия ба 1962 нафар маъюбон,
ятимон, оилаҳои камбизоат, кормандони Муассисаи давлатии
«Нигоҳдории боғу гулгаштҳо, майдончаҳои варзишӣ ва бозии кӯдакон» ва кормандони
Раёсати истифодбарии роҳҳои ноҳия ба маблағи 517 968 сомонӣ кумак расонида шуд.
Инчунин бо ҷалби имомхатибони масҷидҳо дар арафаи иди
Саиди Фитр ба оилаҳои ниёзманд аз ҷониби шахсони саховатманд ба 1530 нафар ба
маблағ 709 920 сомонӣ кумак расонида, дар маҷмуъ, ба 3492 оилаҳои
ниёзманди ноҳия аз тарафи соҳибкорон ва ходимони дин ба маблағи
1 227 888 сомонӣ кумак расонида шудааст.
Аз ҷониби иттиҳодияҳои динӣ ва бо ташвиқи
ходимони дин ба таври муташаккилона барои кумак ба ятимону бепарасторон,
маъюбону барҷомондагон, оилаҳои камбизоату табақаҳои дигари иҷтимоии ниёзманди ҷомеа
дар намуди маводди ғизоӣ, асбобу анҷоми рӯзгор, дигар эҳтиёҷот ва таъмири
хонаву роҳҳо ба 1206 нафар ба маблағи 700 900 сомонӣ кумак расонида шуд.
Дар ин давра аз ҷониби
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе бо ҷалби соҳибкорони
ноҳия ба 845 нафар ба маблағи 197 850 сомонӣ ба маъюбон, нимятимон, ятимони
кулл ва оилаҳои камбизоат, кумакҳои моддӣ ва ғизоӣ расонида шуд, ки дар умум ба
1128 оилаҳои ниёзманд ба маблағи 306 270 сомонӣ кумак расонида шуд.
Ҳамзамон, ба 185 нафар
фарзандони оилаҳои камбизоат, ятимон ва маъюбон, ки ба Мақомот муроҷиат намуда
буданд, аз ҳисоби соҳибкорон ва шахсони саховатпеша бо либоси мактабӣ таъмин
карда шуданд, ки бо ҳисоби миёнаи маблағи умумии он 64 750 сомониро ташкил
менамояд.
Инчунин туҳфаҳои солинавӣ ба
ятимону бепарасторон, тарбиятгирандагони мактаб – интернатҳо, хонаи пиронсолон,
хонаи кӯдакон, кормандони Раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳия ва оилаҳои
камбизоат ба 2055 нафар ба маблағи 226 200 сомонӣ кумаки моддӣ ва молиявӣ
расонида шуд.
Дар соли 2025 расонидани кумак ба ятимону бепарасторон,
маъюбону барҷомондагон, оилаҳои камбизоат ва дигар табақаҳои иҷтимоии ниёзманди
ноҳия дар умум ба 7783 нафар ба маблағи 2 417 588 сомонӣ кумаки моддӣ
расонида шуд.
Танзим ва ҷашну маросим
Дар ин давра
аз тарафи бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо 156 мулоқоту вохӯриҳо бо
фаъолон, сокинони шаҳраку маҳаллаҳо ва намояндагони ташкилоту муассисаҳо ҷиҳати
камхарҷ доир намудани ҷашну маросимҳо, риояи қонунҳои миллии кишварамон, инчунин
роҳ надодан ба зиёдаравӣ дар оростани дастурхон, пӯшидани
сару либоси ба фарҳанги миллии мо бегона ва шомил нагардидан ба гурeҳҳои
ифротгароӣ ташкил карда, 1278 маротиба рейдҳои муштарак гузаронида шуд.
Дар давраи
ҳисоботӣ 3454 тую маросими азодорӣ, аз ин туйи домоду арўсӣ 3400 адад, маросими
чил ва сол 54 адад, ки хароҷоти умумӣ 13 миллиону 600 ҳазор сомониро ташкил
дода, ба ҳисоби миёна ба ҳар маърака 4000 сомонӣ рост меояд.
Нисбати 20 нафар шаҳрвандон парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода, барои баррасӣ ба Суди ноҳияи Шоҳмансур ирсол карда шуд.
Ҷавонон ва варзиш
Баҳри
тақвият бахшидан ба раванди тарбияи ватанпарастии наврасону ҷавонон, баланд
бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ, ҷаҳонбиниву зиракии сиёсӣ, эмин нигоҳ
доштани зеҳну афкори онҳо 679 суҳбату вохӯриҳо, ҳамоишҳо, мизҳои мудаввар ва
корҳои фаҳмондадиҳӣ бо фарогирии 70 480 нафар наврасону ҷавонон баргузор карда
шуд.
Тарбияи ватандӯстии ҷавонон яке аз масъалаҳои муҳим дар
фаъолияти бахш маҳсуб ёфта, дар ин
замина 39 мулоқоту вохӯриҳоро бо фарогирии 9750 нафар доир
гардида, бо мақсади баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонон ва ҷалби онҳо
ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои
таҳсилоти миёнаи умумӣ ва донишҷӯёни коллеҷу литсейҳо ҷиҳати боздид (экскурсияҳои
сайёҳии баланд) аз қисмҳои ҳарбӣ рӯзҳои дарсҳои кушодро дар ҳамкорӣ бо шуъбаи
маорифи ноҳия баргузор намудааст.
Бо мақсади
баланд бардоштани завқи мутолиаи китоб, арҷгузорӣ ба эҷодиёти нависандагону
шоирони классику муосири тоҷик, баланд бардоштани ҳуввияти миллии ҷавонон, ҳисси
ватандӯстӣ, дӯстдории ҷавонон ва бо китобдориву китобхонӣ дар доираи дастуру
супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии
Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аксияҳои ноҳиявӣ таҳти унвони “Биёед, китоб
мехонем” ва “Саломатии миллат - боигарии давлат” дар боғҳои фарҳангию фароғатӣ
ба номи Алишер Навоӣ, Куруши Кабир ва гулгашти Куйбишев ва инчунин, таъмини иштироки фаъолонаи наврасону ҷавонон ба бунёдкориву
созандагӣ ва ҷалби онҳо ба масъалаҳои сабзкориву кабудизоркуни ва мусоидат ба
ҳифзи муҳити зист аксияву шанбегиҳоро таҳти шиори «Созандагиву бунёдкори
мароми мо ҷавонон», «Мо ба гузаштагони худ эҳтиром дорем», “Ин ватанро мо
ҷавонон сабзу хуррам мекунем” дар кӯчаву маҳаллаҳои худуди ноҳия 112 маротиба
аксияҳо ва шанбегиҳо бо фарогирии 5480 нафар наврасону ҷавонон баргузор гардид.
Вобаста ба иҷрои қарори Раиси ноҳияи Шоҳмансур “Дар бораи
таҷлили Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри
Душанбе”, тадбирҳои зарурӣ роҳандози гардида, дар ин самт як қатор корҳо ба анҷом
расонида шуд.
Дар доираи ин, мулоқоту вохӯриҳо, мусобиқаҳои варзишӣ ва
барномаҳои фарҳангӣ - фароғатӣ 298 мулоқоту вохӯрӣ бо иштироки 18 120 нафар ҷавонон
ва сарбозону афсарони қисмҳои ҳарбии ҳудуди ноҳия доир карда шуд.
Дар ин замина, 7 маротиба дар толори қисми ҳарбии №0122
ва №0125–и Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
5 маротиба дар қисми ҳарбии №02615-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
миёни сарбозони қисмҳои ҳарбӣ, ҷавонони то синни даъватӣ Конференсияи ноҳиявӣ
таҳти унвони “Сарбози Ватан будан ифтихори ҷавонмардист” ва вохӯрӣ таҳти унвони
“Ҳомии Ватан” баргузор гардид, ки ба сарбозону афсарон тӯҳфаҳои хотиравӣ
супорида шуд.
Дар ноҳия 22 толорҳои
варзишӣ, 3 майдон, 49 адад майдончаҳои варзишӣ ва 6 адад марказҳои солимгардонӣ
фаъолият доранд, ки дар онҳо 49 мураббӣ ба 9 ҳазору 874 нафар машқварзон тамрин
медиҳанд.
Дар ин давра аз ҷониби варзишгарони худуди нохия 587 медал ба даст оварда шуда, аз он медали тилло 172 адад, нуқра 183 адад ва биринҷи 232 ададро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 406 медал зиёд мебошад.
Кор бо занон ва оила
Шумораи умумии бонувони
ноҳия 109 986 нафарро ташкил карда, аз инҳо
1082 нафар хизматчии давлатӣ буда, 1033 нафар дар вазифаҳои роҳбарикунанда, 37
нафар вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шоҳмансур, ки 8 нафараш аз ҳисоби
занону бонувон мебошад. Занҳои роҳбарикунанда дар соҳаи маориф 35 нафар ва тандурустӣ
5 нафар кору фаъолият доранд.
Мавриди зикр аст, ки дар ноҳияи Шоҳмансур 49 нафар раисони
Шуроҳои маҳаллаҳо кору фаъолият доранд, ки аз ин шумора 12 нафарашонро занони
фаъоли ноҳия ташкил медиҳанд. Ғайр аз ин, дар 46 маҳалла раисони Шурои кор бо
занон фаъолият менамоянд.
Бо дарназардошти Нақша - чорабиниҳои тасдиқгардидаи
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе бахши кор бо занон ва оилаи ноҳия дар даври ҳисоботӣ
бо мақсади дар сатҳи баланд ташкил ва баргузор намудани рӯзи Модар таҳти унвони
«Модар чароғи хонадон, машъалафрӯзи оила ва тароватбахши зиндагӣ», аксияи «Тоҷикона мепушем», ҷашни Наврӯз таҳти
унвони “Тантанаи Наврӯз”, рӯзи “Ваҳдати
миллӣ” ва рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар ноҳияи
Шоҳмансур дар сатҳи баланд баргузор гардид.
Ҷиҳати пешгирии фарҳанги бегона дар ноҳияи Шоҳмансур дар даври ҳисоботӣ 15
аксияи “Тоҷикона мепушем” бо иштироки ҷавондухтарони муассисаҳои таҳсилоти
миёнаи умумӣ дар боғи фарҳангию фароғатии ба номи Куруши Кабир баргузор карда шуд, ки дар он зиёда аз 1060
нафар ҷавондухтарон бо пушидани куртаҳои чакан ва атлас иштирок доштанд.
Бо мақсади татбиқи
Паёми ироагардидаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон,
масъулини бахши кор бо занон ва оила дар ҳамкори бо гурӯҳи корӣ миёни сокинони
маҳаллаҳо, муассисаҳои таълимӣ ва кормандони ташкилоту идораҳо вохӯриҳо ташкил
намуданд.
Бахши кор бо
занон ва оилаи назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур дар
якҷоягӣ бо шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти
миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур, шуъбаи маориф, бахши
кор бо ҷавонон, шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, бахши фарҳанг, Раёсати
КДАМ дар шаҳри Душанбе, ШВКД-1,2, Прокуратураи ноҳияи Шоҳмансур гурӯҳҳои корӣ
ташкил намуда, дар боғҳои истироҳатии ноҳия, кӯчаву хиёбонҳо, назди бозорҳо,
марказҳои савдо, муассисаҳои тандурустӣ ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ
зиёда аз 64 рейдҳои муштарак баргузор намудааст.
Ҳунарҳои
мардумӣ
Дар ноҳия 48 адад марказҳои касбомӯзӣ фаъолият менамоянд. Аз онҳо 17 марказҳои касбомӯзӣ дар собиқ ҷойҳои ҷамъиятии воқеъ дар маҳаллаҳо ва шаҳракҳои ҳудуди ноҳия ва 1 адад бинои садамавӣ, 30 адад бинои таъмирталаб, 73 адад марказҳои касбомӯзӣ аз ҷониби соҳибкорони инфиродӣ воқеъ дар маҳаллаҳо шаҳракҳои ҳудуди ноҳия таъсис дода шуда, фаъолияти пурсамар доранд.
Дар ин давра
1463 касбомӯзон бо мақсади ривоҷ додани ҳунарҳои мардумӣ ва ҳарчи бештар ба ҳунару
касбомӯзӣ ҷалб намудани ҷавондухтарону занони хонашину бешуғл, барои ташкили
марказҳои касбу ҳунаромӯзӣ дар самти омӯзиши дӯзандагию пазандагӣ, қаннодӣ, қолинбофӣ,
атласу адрасбофӣ, косибию оҳангарӣ, заргарӣ, гаҷкорӣ, бофандагӣ, попурзанӣ,
гулдӯзӣ, тоқидӯзӣ, рубобтарошӣ, пойафзолдӯзӣ,
дегдонсоз ва созтароширо роҳандозӣ намуда истодааст.
Дар ноҳияи Шоҳмансур шумораи кормандон дар умум 105 нафар
ҳунарманд аз он 80 нафараш зан ва 25 нафарашон мард мебошад.
Инчунин дар шаҳраку маҳаллаҳои ҳудуди ноҳия дар муҳити
хонаводагӣ 250 маҳфилҳои омӯзишӣ ҳунарҳои мардумӣ аз қабили дӯзандагӣ, зардӯзӣ,
гулдӯзӣ, қолинбофӣ, ҷомадӯзӣ, курпадӯзӣ, тоқидӯзӣ, попурзанӣ, қуроқдӯзӣ,
танурсозӣ, табақтарошӣ, созтарошӣ, пойафзолдӯзӣ, рассомӣ, кандакорӣ, гаҷкорӣ,
чакандӯзӣ ва нонпазӣ, ҷувозкашӣ кору фаъолият менамоянд, ки дар он беш аз 1230
нафар ҷавондухтарон ва ҷавонписарон ба тариқи ройгон омӯзонида, пас аз хатм бо сертификат таъмин карда мешаванд.
Дар марказҳои таълимии “Ҳунарҳои мардумии ноҳияи Шоҳмансур”
айни замон 305 нафар ба кори доимӣ ва 1463 нафар ҷавонон ва занҳои хонашин ба
омӯзиш фаро гирифта шуда, 1230 нафар аз тарафи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ бо
шаҳодатнома барои фаъолият таъмин карда шудаанд.
Сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ
Баҳри иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи бақайдгирии
давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ”, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, оиладорӣ,
сари вақт ба қайд гирифтани сабти таваллуд, ақди никоҳ, вафот, фарзандхонӣ,
иваз намудани ному насаб ва муқаррар намудани падарӣ, миёни аҳолӣ вусъат
бахшидани корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба
пешгирии никоҳи хешутаборӣ ва пошхӯрии оилаҳои ҷавон тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ
гардида, дар ин самт вохӯриву мулоқотҳо ва ҷаласаҳои сайёр дар шаҳраку маҳаллаҳо,
ташкилоту идораҳо ва муассисаҳо мунтазам баргузор менамоянд.
Дар ин давра 5757 ҳолати
таваллуд, (нисбат ба соли 2024, 309 адад зиёд) ба қайд гирифта шудааст. Шумораи
никоҳҳои бақайдгирифта дар моҳҳои январ – декабри соли 2025 ба 780 адад (166
адад кам), бекор кардани ақди никоҳ 298 адад (62 адад кам), муқаррар кардани
падарӣ 1417 адад (63 адад кам), иваз
намудани ному насаб 772 адад (304 адад зиёд) ба қайд гирифта шуда, фарзандхонӣ 31
адад (1 адад зиёд) сабт карда шудааст.
Бо мақсади пешгирии пошхӯрии оилаҳо ва баланд бардоштани
сатҳи маърифати оиладорӣ Нақша чорабиниҳо қабул гардида, корҳои фаҳмондадиҳӣ
миёни аҳолӣ вусъат бахшида шуд.
Назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ, бойторӣ ва экология
Дар соли 2025 Маркази назорати давлатии санитарию
эпидемиологии ноҳия фаъолияти худро аз рӯйи нақшаи солона ба роҳ монда, дар 89
иншоот санҷиши ҷории санитарӣ гузарониданд, ки 5,06%-ро (ҳамагӣ 1757 объект)
ташкил медиҳад. Дар соли ҷорӣ заҳролудшавӣ дар байни аҳолӣ аз маводҳои ғизоӣ ба
қайд гирифта нашудааст.
Аз тарафи мутахассисони Марказ нисбати шаҳрвандоне, ки қоидаҳои
санитариро риоя накардаанд, 211 протокол тартиб дода шуд, ки ба маблағи 53 613 сомонӣ
ҷаримабандӣ карда шуда, аз ин миқдор 26 808 сомонии он ситонида шудааст.
Дар ин давра нисбат ба соли гузашта бақайдгирии бемориҳои
сироятӣ мутаносибан паст буда, бемориҳои тавассути об сирояткунанда ба қайд
гирифта нашудааст. Бемории зардпарвини намуди “А” 162 ҳодиса ба қайд гирифта
шудааст, ки аз он 155 ҳодисааш кeдакони синни то 17-сола мебошанд.
Дар 26 ҳодисаи бемории Вируси норасоии масунияти одам
(ВНМО) (соли 2024, 26 ҳодиса) ба қайд гирифта шудааст. Аз инхо 8 нафар мард
мебошанд.
Дар ин давра 71 ҳодисаи бемории сил (нисбат ба соли 2024 чор
ҳодиса кам) ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин 6 ҳодисааш кӯдакони синни то
17-сола мебошад.
Оид ба захмбардоштагон аз ҳайвонҳо 339 нафарро ташкил
мекунад, ки инҳо 199 нафар аз саг, 104 нафар аз гурба, 36 нафар аз хояндагон
захм бардоштанд. Дар ҳамин давраи соли гузашта 372 ҳодисаи захмбардоштагон аз ҳайвонҳо
ба қайд гирифта шуда буд, ки нисбат ба соли гузашта 33 ҳодиса кам мебошад.
Дар ин давра аз тарафи Маркази таъминоти бехатарии озуқаворӣ
бинобар сабаби риоя накардани талаботи бойторию беҳдоштии нигоҳдорӣ, интиқол ва
фурӯши озуқаворӣ нисбати 64 нафар шаҳрванд ҷарима ба маблағи 14 400 сомонӣ
татбиқ карда шудааст. Инчунин нисбати 236 иншоот аттестатсияи бойтории шароитӣ
– истеҳсолӣ гузаронида шудааст, ки дар
натиҷа ба буҷет маблағи 53 100 сомонӣ ворид карда шуд. Маҳсулоти гӯшти пастсифат
4658 килограммро ташкил дод, ки дар партовгоҳи шаҳрӣ безарар гардонида шуд.
Ҳамзамон, дар якҷоягӣ бо кормандони Раёсати истифодабарии
роҳҳо дар умум 1086 сар саг ва 2 сар гурбаи дайдуи бесоҳиб безарар гардонида
шуда, дар партовгоҳи КВД шаҳри Душанбе нобуд карда шудааст.
Аз тарафи нозирони
шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳия нисбати 450 нафар барои риоя накардани талаботҳои
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи партовҳои истеҳсолӣ ва истеъмолӣ” ба
маблағи 184 725 сомонӣ, 10 ҳолат худсарона буридани дарахтон ба миқдори 32 932 сомонӣ зарар ҳисоб карда
шуда, маблағи зарар ситонида шуда, ба суратҳисоби Сарраёсати ҳифзи муҳити зист
ворид гардид.
Манзилию коммуналӣ
Соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ яке аз соҳаҳои ҳаётан муҳими
ноҳия мебошад. Зимни фаъолият
бахш бо сохторҳои хоҷагию манзилӣ,
аз ҷумла Раёсати истифодабарии роҳҳо, КВД “Нақлиёти махсуси партовҳои сахти
маишии ноҳияи Шоҳмансур”, 9 адад кооперативҳои моликони манзил ва муассисаҳои
истифодабарии манзилҳо, Муассисаи давлатии хизмати тармиму танзими садамот -007,
Муассисаи давлатии таъмирию сохтмони ва истеҳсолӣ, Муассисаи давлатии «Раёсати кор бо маҳаллаҳо
ва фонди манзилӣ коммуналӣ»-и назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҳамкорӣ
менамояд.
Интиқоли гармӣ дар мавсими сипаригардида 18-уми октябри
соли 2024 аз МБГ-1 таввасути хатҳои чапи 1 ва чапи 2 ва дегхонаи шарқӣ ба иншооти
ноҳия (нақша 665 иншоот иҷроиш 674 иншоот ё 101,4%) амалӣ карда шуда, 10-уми
апрели соли 2025 гармӣ қатъ гардонида шуд.
Ситоди ноҳиявӣ оид ба сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт
ва иҷтимоиёти ноҳия барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу
зимистони солҳои 2025-2026 дар ҳайати 22 нафар таъсис дода шуд.
Дар мавсими зимистонгузаронии солҳои 2025-2026 дар мувофиқа
бо Муассисаи давлатии Шабакаҳои гармидиҳандаи шаҳри Душанбе рӯйхати 634 бинову
иншоот барои қабули гармӣ омода карда шудааст. Аз ҷумла 447 биноҳои истиқоматӣ,
26 муассисаи таҳсилоти умумӣ, 20 муассисаи томактабӣ, 19 муассисаи тиббӣ ва 122
бинои тобеи вазорату идораҳо ва хобгоҳҳои умумӣ.
Айни замон дар 644 бинову иншоотҳо неруи гарми интиқол
дода шудааст, ки 101,6 фоизи нақшаро дар бар мегирад.
Дар соли 2025 1044 ҳолати садамаҳои
оби нӯшокӣ, 1439 ҳолати садамаҳои оби ғализ ва 1136 ҳолати садамаи танқисии об
аз тарафи КВД “Обу корези Душанбе” бартараф шуда, 220 ҳолати садамаҳои оби нӯшокӣ,
250 ҳолати садамаҳои оби гарм, 99 ҳолати садамаҳои барқи Муассисаи давлатии
“Хадамоти танзиму тармими Садамот 007” ва 92 ҳолати садамаҳои технологии барқӣ
аз тарафи Шабакаҳои барқии ноҳия бартараф карда шудааст.
Дар 12
моҳи сипаригашта аз тарафи Муассисаи давлатии «Раёсати кор бо маҳаллаҳо ва
хизматрасонии фонди манзилию коммуналӣ»-и МИҲД ноҳияи Шоҳмансур 18978 м2
роҳҳои маҳаллаҳо мумфарш, 68221 м2 сангфарш, 67717 м2
бетонпуш, 3657 дарвозаҳо ва 183551 м2 иҳотадеворҳо рангубор ва 3657
боми манзилҳои истиқоматӣ бо ранги сабз иваз карда шуданд.
Дар давраи ҳисоботӣ аз тарафи
Раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 372562 м/т ҷӯйборҳои
обгузар тоза карда шуда, 30000 м/м роҳҳо мумфарш карда шуд. Баҳри ободгардонии
пиёдароҳҳо 1610 м/м таъмири сафолакҳо гузаронида шуда, баҳри дар сатҳи баланд
гузаронидани чорабиниҳо 40250 м/т канорасангҳо ва 47160 м/м канорасанги миёнароҳ
рангубор карда шуданд. Дар ҳамин давра 1077 адад сагҳои дайду ва бесоҳиб
безарар гардонида шуданд. Ҳамзамон, 451680 м/м
майдонҳои алафзор даравида шуда 135 маротиба коркарди кимиёвии кӯчаву роҳравҳо
ва гулу бутадарахтон гузаронида шуд.
Аз ҳудуди ноҳия дар 12 моҳи ҷорӣ ба миқдорӣ 110548,9 тонна партовҳои
сахти маишӣ ва партовҳои ҳамшафати роҳҳо, аз тарафи КВД “Нақлиёти махсуси
партовҳои сахти маиши”- ноҳия ва Раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳия бароварда
шуданд.
Тибқи ҷадвали баргузории ҳашарҳои
умумишаҳрӣ дар ҳудуди ноҳия дар соли 2025 52 маротиба ҳашарҳои умумишаҳрӣ ва 28
маротиба аксияи тозагии “Маҳал”, 21 маротиба аксияи тозагии “Соҳил”, 28
маротиба аксияи тозагии “Шоҳроҳ” дар қаламрави ноҳия ва ҳудуди шаҳраку маҳаллаҳо
гузаронида шуда, назди майдончаҳои биноҳои баландошёна, биноҳои маъмуриву маишӣ
корҳои ободониву кабудизоркунӣ гузаронида шуда, ниҳолҳои ороиши бо риояи
талаботи агротехникӣ бо тавсияи
мутахассисони соҳа шинонида шуданд.
Баҳри тақвият бахшидан ба корҳои
ободонию созандагӣ, сарсабзу хурам гардонии ҳудуди ноҳия дар тирамоҳ ва
нимсолаи якум 132 916 бех дарахтони ороиши ва сояафкан, 1 795 331
адад гулҳои мавсимӣ, 105 000 қаламча, 93666 бех гули садбарг, 837 030 бех гули
лола ва дар масоҳати 42 616 м/м сабзазорҳо ташкил карда шуд.
Дар ҳудуди ноҳияи Шоҳмансур 4 канал, “Шоҳмансур” бо
дарозии 3,52 км ва ғунҷоишаш 0,34 м3, канали “Ҳазора” дарозиаш 6,52 км,
ғунҷоишаш 0,5 м3 канали “Мавлоно” дарозиаш 1,42 км, ғунҷоишаш 0,2 м3,
канали “Ҳалқаҷар” дарозиаш 3,1 км, ғунҷоишаш 0,3 м3.
Шаш селпарто, аз ҷумла, селпартои “Қаротегин” дарозиаш
6,92 км, тавоноиаш 1,4 м3, селпартои “Будёний” дарозиаш 5,5 км,
селпартои “Куйбишев” дарозиаш 2,0 км, селпартои “Дӯстии Халкҳо” дарозиаш 0,4 км,
селпартои “Аэропорт” дарозиаш 3,12 км ва селпартои “Аҳмади Дониш” дарозиаш 3,12
км мавриди истифода қарор доранд, ки аз тарафи Раёсати Обёрии шаҳри Душанбе хизматрасони
карда шуда, дар соли сипаригашта 17070 м3 нопокиҳо бароварда шуд.
Ба ҳолати имрӯза аз 1073 чорабинии ба нақша гирифта шуда
дар 859 чорабиниҳои корҳо ба итмом расонида шудааст, ки 80% нақшаро дар бар
мегирад. Дар соли 2025 аз 228 чорабиниҳо дар 228 адади онҳо корҳо ба итмом
расонида шуд, ки 100% нақшаро дар бар мегирад.
Сохтмон
Аз ҳисоби ҳамаи
сарчашмаҳои маблағгузоришаванда барои сохтмони капиталї 1 миллиарду 544
миллиону 800 ҳазор сомонӣ маблағ сарф шудаааст ва то ин муддат 1 миллиарду 178
миллиону 100 ҳазор сомонӣ ба фондҳои асосӣ
ба истифода дода шудааст.
Аз тарафи комиссияи давлатии қабули иншоотҳо
дар ин давра: сохтмони биноҳои истиқоматии индивидуалии ба итмомрасонидашуда бо
масоҳати умумии 203706 м2 кабул шуд, ки 89,4 фоизи давраи соли
гузаштаро ташкил менамояд.
Тартиботи ҷамъиятӣ
Шуъбаҳои корҳои дохилии ноҳия дар ин давра дар якҷоягӣ бо
дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ доир ба таъмини волоияти қонун ва мубориза ба муқобили
ҷинояткорон, муътадил гардонидани вазъ, таъмини амнияти шаҳрвандон, пешгирии ҷиноятҳои
вазнин, дастгир кардани ашхоси ба ҷиноят дастзада ва ҷорӣ кардани тартиботи ҷамъиятӣ
як қатор чорабиниҳоро амалӣ намуданд.
Дар соли 2025 дар ҳудуди ноҳия 975 ҷиноят ба қайд гирифта
шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли 2024 54 ҷиноят зиёд мебошад.
Аз ҷониби ноболиғон ва ё бо иштироки онҳо 49 ҳолати ҷиноят
ба қайд гирифта шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли 2024 31 адад зиёд
мебошад.
Хадамоти оташнишонӣ
Дар ин муддат дар ҳудуди ноҳия 32 ҳодисаи сӯхтор ба қайд
гирифта шуд, ки зарари моддии расидаи ин сӯхторҳо 719 220 сомониро ташкил медиҳад.
Назар ба ҳамин давраи соли гузашта маблағи зарар ба миқдори
980 190 сомонӣ кам мебошад (ҳамин давраи соли 2024-ум, 47 ҳодисаи сӯхтор ва 1 699
410 сомонӣ зарари моддӣ).
Сабабҳои асосии сар задании сӯхтор ин риоя накардани қоидаҳои
бехатарӣ аз сӯхтор ҳангоми истифодабарии асбобҳои барқӣ, беназорат гузоштани
оташ, расиши кӯтоҳи ноқилҳои барқӣ ва оташбозии кӯдакон мебошад.
Суғурта
Филиали КВД «Тоҷиксуғурта» дар ноҳия дар ин давра нақшаи ҷамъовариро
81,1%, ба маблағи 1 342 095 сомонӣ иҷро намуд. Аз он ҷумла: суғуртаи ҳатми 107,6%
ба маблағи 67794 сомонӣ ва суғуртаи ихтиёри 91,8% ба маблағи 1 274 301 сомонӣ.
Дар давраи ҳисоботӣ аз рӯйи суғуртаи ҳатмӣ ва ихтиёрӣ ба шаҳрвандон ба маблағи 49870 сомонӣ пардохт карда, миқдори шартномаҳо ба 9336 адад расонида шуд.
Даъвати ҷавонон
Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи
Xумҳурии Тоxикистон вазифаи муқаддаси ҳар
як ҷавонмард ва ташкили он масъалаи мубрами Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии
ноҳия ба шумор меравад. Дар давраи даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ
комиссариати ҳарбии ноҳия якҷоя бо раисони Шуроҳои маҳаллаҳо фаъолон ва кормандони
мақомоти корҳои дохила корҳои зиёдеро ба анҷом расониданд.
Ҷиҳати сафарбар намудани даъватшавандагон дар даъвати
тирамоҳии соли ҷорӣ ба ҳолати 13 октябр ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ сафарбар
шуданд, ки 100 %-и нақшаро ташкил менамояд.
Шуғли аҳолӣ
Тибқи маълумоти оморӣ ба ҳолати 1-уми январи соли 2026 дар ноҳия ҳамагӣ 9326 адад ҷойҳои нави корӣ, аз ҷумла аз ҷониби шахсони ҳуқуқӣ 8126 адад ва аз ҷониби шахсони воқеӣ 1200 адад ҷойҳои кории нав, иловагӣ ва барқароршуда таъсис дода шудааст.
Нишондиҳандаҳои иҷтимоии ноҳия низ беҳтар
гардида, дар моҳҳои январ - марти соли ҷорӣ музди миёнаи кормандон дар ноҳия 4423,42
сомониро ташкил дод, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 419 сомонӣ зиёд
мебошад.
Дар ноҳия аз рӯйи нишондодҳои оморӣ
(ба ҳолати 01.10.2025) 242 144 нафар аҳолӣ зиндагонӣ мекунанд.
Дар давраи ҳисоботӣ 1580 нафар
бекорон ба қайд гирифта шудаанд, ки 1235 нафари онҳоро занон ташкил медиҳад.
Дар ин муддат 2888 нафар бекорон бо
кор таъмин карда шудаанд, ки аз он 1570 нафарашон занон мебошанд.
Ба омӯзиши касбӣ 889 нафар бекорон
фаро гирифта шудаанд, ки 563 нафари онҳо зан мебошанд.
Дар соли ҷорӣ ба 340 нафар шаҳрвандон
маблағи 1 403 480 сомонӣ кумакпулӣ барои бекорӣ пардохт карда шудааст, ки
дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 45 нафар зиёд мебошад.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии
ноҳияи Шоҳмансур супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро оиди касбомӯзӣ ба
назар гирифта, маркази омӯзишии касбҳои дӯзандагӣ, компютерӣ, қаннодӣ, забони
англисиро таъсис намуд. Ҳоло дар ноҳияи Шоҳмансур филиали маркази таълими
«Калонсолони Ҷумҳурии Тоҷикистон» фаъолият карда истодааст, ки ин марказ бо таҷҳизотҳои
зарурии корӣ, аз қабили мошинҳои дӯзандагӣ, компютер, мизу курсӣ ва маводҳои
таълимӣ таъмин мебошад.
Муроҷиати шаҳрвандон
Дар давраи ҳисоботи 4520 адад ҳуҷҷат
ворид гардидааст, ки аз ин 4471 адад бо пуррагӣ аз назорат соқит гардида, 49
адад мавриди баррасӣ қарор доранд.
Дар ин давра 1144 адад арзу шикояти
шаҳрвандон ворид шуд, ки 1115 адади он ҳалу фасл гардида, 29 адади он дар
ҳолати ииxроиш rарор доранд.