15px

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ШОҲМАНСУРИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Суханрониҳо
    • Сафарҳои дохилӣ
    • Сафарҳои хориҷӣ
    • Фармонҳо
    • Паёмҳо
    • Барқияҳо
    • Суҳбатҳои телефонӣ
    • Аксҳо
  • Маъмурият
    • Раис
    • Муовинони Раис
    • Дастгохи раис
  • Тақсимоти маъмурӣ
    • Шиносномаи ноҳия
    • Соҳаи комуналӣ
    • Соҳаи иқтисодӣ
    • Соҳаи иҷтимоӣ
    • Соҳаи дин
    • Маориф
    • Тандрустӣ
    • Фарҳанг
    • Ҷавонон ва варзиш
    • Кор бо занон
    • Меъморӣ ва шаҳрсозӣ
    • Ҳунарҳои мардумӣ
  • Аз паём то паём
  • Стратегия
  • Душанбе — пойтахт
  • Нақшаи кулл
  • Нома ба Раис
  • Эълонҳо
  • Тамос
  1. Асоси

МАРОСИМИ БОШУКУҲИ ҲАВАСМАНДГАРДОНИИ ҒОЛИБОНИ ДАВРИ НОҲИЯВИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ “ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ”

3 июни соли 2026 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе бо иштироки муовини раиси ноҳия З.Зуҳурзода, роҳбарони шуъбаву бахшҳои дастгоҳи раис, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, ҳайати ҳакамон, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, омӯзгорон ва ғолибон Маросими ҳавасмандгардонии ғолибони даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” бо як шукӯҳи хос баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур муовини раиси ноҳия Заррина Зуҳурзода баромад намуда, ғолибони даври ноҳиявии озмуни мазкур, ки таҳти сарпарастии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ шудааст, дар ташаккули андешаи миллӣ ва таҳкими истиқлолият нақши хеле бузург аст. Маҳз ҳамин дастгириҳои маърифатпарваронаи Пешвои муаззами миллат аст, ки солҳои охир соҳаи китобдорӣ, илму ирфон рӯз ба рӯз рушд намуда истодааст. Дар такя ба ин андеша, месазад зикр намуд, ки Ҳукумати мамлакат барои рушди соҳаи китобдорӣ ва баланд бардоштани сатҳи маърифати аҳолии кишвар пайваста тадбирҳои муассир меандешад. Далели равшани гуфтаҳои боло ин дар иқдоми пешгирифтаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президент Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи баргузор намудани озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” мебошад. Шоиста ба зикр ва таҳсин аст, ки ҳар як иқдом ё санае, ки аз олами афкору андешаҳои сабзу созандаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзи вуҷуд мекунад, боиси болоравии маънавиёти мардум, бахусус насли ҷавон ва умуман қишрҳои мухталифи ҷомеа мегардад. Ин буд, ки Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 1 -уми январи соли 2026, № АП-951 оид ба баргузории озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” содир гардид, ки ҳадафи асосии он баланд бардоштани завқи китобхонӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвариву сухандонӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ ва инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худшиносӣ, ғанӣ гардонидани захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ ва баландгардонии доираи забондонӣ миёни қишрҳои мухталифи ҷомеа, аз ҷумла хонандагону донишҷӯёни ҳамаи зинаҳои таҳсилот ва шаҳрвандони кишвар мебошад. Дар пайрави ба ин ва иҷрои сифатноку саривақтии Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 20 январи соли 2026, № 51, қарори Раиси ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе аз 4 марти соли 2026, № 22 “Дар бораи баргузор намудани даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар ноҳияи Шоҳмансур” ба тасвиб расид. Дар ин, замина санаҳои 13-16 майи соли ҷорӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 65 даври ноҳиявии озмун баргузор гардид. Ва ҳамаи он нафароне, ки дар даври ноҳиявии озмун ширкат намуда, маҳорати худро нишон доданд, бо назарсанҷии ҳайати ҳакамони нуктадону нуктасанҷ беҳтаринҳо ғолиби даври ноҳиявии озмун дониста шуданд ва соҳиби роҳхат ба даври шаҳрии озмун гардиданд. Дар идома, ғолибон ва омӯзгорон бо маблағҳои пулӣ, диплом ва бо сипоснома қадрдонӣ гардиданд.