15px

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ШОҲМАНСУРИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Суханрониҳо
    • Сафарҳои дохилӣ
    • Сафарҳои хориҷӣ
    • Фармонҳо
    • Паёмҳо
    • Барқияҳо
    • Суҳбатҳои телефонӣ
    • Аксҳо
  • Маъмурият
    • Раис
    • Муовинони Раис
    • Дастгохи раис
  • Тақсимоти маъмурӣ
    • Шиносномаи ноҳия
    • Соҳаи комуналӣ
    • Соҳаи иқтисодӣ
    • Соҳаи иҷтимоӣ
    • Соҳаи дин
    • Маориф
    • Тандрустӣ
    • Фарҳанг
    • Ҷавонон ва варзиш
    • Кор бо занон
    • Меъморӣ ва шаҳрсозӣ
    • Ҳунарҳои мардумӣ
  • Аз паём то паём
  • Стратегия
  • Душанбе — пойтахт
  • Нақшаи кулл
  • Нома ба Раис
  • Эълонҳо
  • Тамос
  1. Асоси

МАРОСИМИ ГУСЕЛИ НАВАСКАРОН БА ХИЗМАТИ ҲАРБӢ

Ватан – Модар дар ҳамаи давру замонҳо барои ҳар фарди бо нангу номус, худогоҳу худшинос ва ватандӯсту ватанпарасти миллати мо, аз ҷумла шумо сарҳадбонон, ки ворисони арзандаи гузаштагони некноми худ мебошед, муқаддастарин арзиш маҳсуб меёбад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28-уми феврали соли 2026 “Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1999 - 2008-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ” имрӯз дар Комиссариати ҳарбии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе маросими гусели наваскарон, ки ихтиёран ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ба хизмати Модар – Ватан сафарбар мешаванд, баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шрҳмансур, намояндаи Комиссиарати ҳарбии ноҳия, кормандон, наваскарони ихтиёрӣ ва волидони онҳо иштирок намуданд. Бояд таъкид намуд, ки хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ қарзи шаҳрвандии ҳар як ҷавони баномуси Ватан ба шумор рафта, ҷавонони соҳибдилу худогоҳ ва пайравони асили Пешвои муаззами миллатро зарур аст, ки дар ҳифзи амнияту осоиштагӣ ва ҳимояи марзу буми кишвар истодагарӣ намоянд.