15px

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ШОҲМАНСУРИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Суханрониҳо
    • Сафарҳои дохилӣ
    • Сафарҳои хориҷӣ
    • Фармонҳо
    • Паёмҳо
    • Барқияҳо
    • Суҳбатҳои телефонӣ
    • Аксҳо
  • Маъмурият
    • Раис
    • Муовинони Раис
    • Дастгохи раис
  • Тақсимоти маъмурӣ
    • Шиносномаи ноҳия
    • Соҳаи комуналӣ
    • Соҳаи иқтисодӣ
    • Соҳаи иҷтимоӣ
    • Соҳаи дин
    • Маориф
    • Тандрустӣ
    • Фарҳанг
    • Ҷавонон ва варзиш
    • Кор бо занон
    • Меъморӣ ва шаҳрсозӣ
    • Ҳунарҳои мардумӣ
  • Аз паём то паём
  • Стратегия
  • Душанбе — пойтахт
  • Нақшаи кулл
  • Нома ба Раис
  • Эълонҳо
  • Тамос
  1. Асоси

МАРОСИМИ ИФТИТОҲИ МУСОБИҚАИ ФУТБОЛИ ХУРД БАРОИ ДАРЁФТИ “ҶОМИ РАИСИ НОҲИЯИ ШОҲМАНСУР”

Имрӯз дар доираи Нақшаи чорабиниҳои муштараки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Шоҳмансур дар якҷоягӣ бо МД ”Мактаби варзишии рақами 1"-и ноҳия бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва Рӯзи ҷаҳонии футбол мусобиқаи футболи хурд миёни кормандони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, корхонаву идора ва ташкилоту муассисаҳои ҳудуди ноҳия барои дарёфти “Ҷоми Раиси ноҳияи Шоҳмансур” оғоз гардид. Дар маросими ифтитоҳи мусобиқа муовини Раиси ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Заррина Зуҳурзода, намояндаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Саодати Исайни, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия Анушервон Исматов ва роҳбарону масъулини шуъбаву бахшҳои мақомот, дастаҳои футболбозон иштирок намуданд. Зимни баромадҳо оид ба аҳамияти рушди варзиш, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва таҳкими дӯстиву ҳамкории байни кормандони мақомот ва ташкилоту муассисаҳо ибрози назар карда шуд. Дар мусобиқа дастаҳои гуногун аз ҳисоби мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, корхонаҳо ва муассисаҳои ноҳия иштирок намуда, барои ба даст овардани ҷойҳои ифтихорӣ байни ҳам рақобат менамоянд. Ҳадаф аз баргузории чорабинии мазкур тарғиби тарзи ҳаёти солим, рушди футбол, таҳкими дӯстиву рафоқат ва ҷалби бештари ҷавонону кормандон ба варзиш арзёбӣ мегардад. Дар фарҷоми мусобиқа ғолибон бо ҷом, медал, диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда мешаванд.