Имрӯз дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими ҷоизасупории ғолибони даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» баргузор гардид.
Боиси ифтихор аст, ки иштирокчиёни ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе дар озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» сазовори 5 ҷойи ифтихорӣ гардиданд. Аз ҷумла: 3-ҷойи якум, 1-ҷойи дуюм ва 1-ҷойи сеюм.
Озмун аз рӯйи ҳашт номинатсия-математика, физика ва астрономия, химия, биология, география, технологияи иттилоотӣ, зеҳни сунъӣ ва барномасозӣ, ихтироъкорӣ ва навоварӣ-дар чор давр баргузор гардида, дар даври ниҳоии он 697 нафар иштирок намуданд.
Ҳадафи асосии озмун баланд бардоштани завқи донишандӯзӣ, рушди тафаккури техникӣ ва тақвияти шавқу рағбати наврасону ҷавонон ба омӯзиши илмҳои дақиқу табиӣ ва технологияҳои муосир мебошад.