Боиси ифтихору сарфарозии ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон аст, ки имрӯз мероси гаронбаҳои ду фарзанди барӯманди миллати тоҷик — Абӯалӣ ибни Сино ва Умари Хайём дар яке аз бонуфузтарин созмонҳои байналмилалӣ — ЮНЕСКО муаррифӣ мегардад. Бо ибтикори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қароргоҳи ин созмон дар шаҳри Париж силсилаи чорабиниҳои байналмилалии илмию фарҳангӣ бахшида ба бузургдошти ин ду нобиға баргузор гардида, осори илмӣ, фалсафӣ ва адабии онҳо пешкаши ҷомеаи ҷаҳонӣ гардонида мешавад. Ин иқдом бори дигар аз саҳми арзишманди миллати тоҷик дар ташаккул ва рушди тамаддуни башарӣ шаҳодат медиҳад.
Абӯалӣ ибни Сино ва Умари Хайём бо дониш, хирад ва осори безаволи худ аз марзу замон фаротар рафта, дар таърихи илму фарҳанги ҷаҳонӣ ҷойгоҳи абадӣ пайдо кардаанд. Номи онҳо на танҳо мояи ифтихори таърихии миллати тоҷик, балки рамзи тавоноии андеша, неруи маърифат ва фарҳанги бузурги донишпарварии ниёгони мо мебошад. Мо, ворисони чунин фарзандони фарзона, бояд ин мероси бебаҳоро ҳифз намуда, бо донишандӯзӣ, созандагӣ ва дастовардҳои нав ба ҷаҳониён собит созем, ки рӯҳи хирадгароӣ ва тамаддунофарии миллати тоҷик ҳамеша зиндаву пойдор аст.