МОДАР – САРЧАШМАИ МЕҲРУ МУҲАББАТ
Имрӯз бо мақсади иҷрои қарори Раиси шаҳри Душанбе “Дар бораи таҷлили Рӯзи Модар дар шаҳри Душанбе” ва Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ҷиҳати дар сатҳи баланд таҷлил намудани Рӯзи Модар, арҷгузорӣ ба мақому манзалати модарон, дастгириву қадрдонии занону бонувон дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе бо иштироки Раиси ноҳияи Шоҳмансур Сафар Маҳмадшо ва бонувони касбу кори гуногун, собиқадорони меҳнат чорабинии идонаи фарҳангӣ – фароғатӣ таҳти унвони “Модар сарчашмаи меҳру муҳаббат” баргузор гардид.
Чорабини идонаро Раиси ноҳияи Шоҳмансур Сафар Маҳмадшо бо сухани табрикотӣ ҳусни оғоз бахшида, тамоми занону бонувон, модаронро ба рӯзи ҳаштуми март ҳамчун нишони эҳтиром ба Зан – Модар дар кишварамон табрику таҳният намуда, таъкид доштанд, ки тадбири мазкур аз сӯи дигар бар он ишорат мекунад, ки дар низоми сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беҳтарин анъана ва суннатҳои фарҳҳанги қадимаи миллии мо мавриди татбиқ қарор гирифта, мақоми бонувон бар асоси ситоишномаҳои донишварону соҳибназарон ҷойгоҳи хоссаеро ишғол кардааст. Инчунин иброз гардид, ки ба оғози фасли баҳор рост омадани иди занон рамзи шукуфоӣ ва мазҳари зебоӣ буда, озодагиву нафосат ва сарсабзию таровати ин фаслро меафзояд. Дар ин падида рамзи амиқе ҳаст, ки он ба сиришти неку созанда ва ниҳоди поки модарон пайвандӣ дорад. Зеро зан ва баҳор бо ҳам тавъам буда, латофату раъноӣ нишонаи хосси ҳарду мебошад.
Сипас барномаи фарҳангӣ – фароғатӣ аз ҷониби ҳунармандони маъруфи кишвар пешниҳоди ҳозирин гардида, дар охир бонувони хушсалиқа бо гулдаста ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.