МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯ – КАФОЛАТИ РУШДИ УСТУВОР
Имрӯз дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе бо иштироки муовини якуми Раиси ноҳия Зоиршоҳ Амиршозода ва номояндаи Агентии назорати давлатӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, полковники адлия Далер Ҷурахонзода, роҳбарони сохторҳои мақомот дар мавзуи “Шарҳи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 августи соли 2021, №222 “Дар бораи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва тарзу усулҳои амалисозии он” вохӯрии судманд баргузор гардид. Зимни вохӯрӣ зикр гардид, ки мубориза бо коррупсия самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ эътироф гардидааст, зеро муаммоҳои печидаи имрӯзаи башарӣ мисли терроризм, экстремизм, хариду фурӯши одамон ва ба инҳо монанд, ки миёни онҳо коррупсия мавқеи махсусро ишғол менамояд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бетараф буда наметавонад. Боиси ёдоварист, ки масъалаи муқовимат ба коррупсия аз рӯзҳои аввали ба даст овардани Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар меҳвари сиёсати адолатпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад ва дар партави ин сиёсати дурбинонаи Пешвои миллат дар кишварамон ба масъалаҳои вобаста коррупсия ва заминаҳое, ки ин амалро ба вуҷуд меоранд, аҳаммияти махсус дода шуда, силсилаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таҳия ва қабул гардида, ҷиҳати баланд бардоштани сиёсати зиддикоррупсионӣ корҳои зиёде ба сомон расонида шудааст. Дар ахири кори ҳамоиш таъкид гардид, ки танҳо дар якҷоягӣ, дар натиҷаи фаъолияти босамари мақомот бо ҷомеа сар задани ҳолатҳои хусусияти коррупсионидоштаро метавон маҳв кард. Мубориза бо коррупсия вазифаи дастҷамъонаи тамоми мақомоти давлатӣ ва ҳар як шаҳрванди ватандӯст мебошад.