15px

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ШОҲМАНСУРИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Суханрониҳо
    • Сафарҳои дохилӣ
    • Сафарҳои хориҷӣ
    • Фармонҳо
    • Паёмҳо
    • Барқияҳо
    • Суҳбатҳои телефонӣ
    • Аксҳо
  • Маъмурият
    • Раис
    • Муовинони Раис
    • Дастгохи раис
  • Тақсимоти маъмурӣ
    • Шиносномаи ноҳия
    • Соҳаи комуналӣ
    • Соҳаи иқтисодӣ
    • Соҳаи иҷтимоӣ
    • Соҳаи дин
    • Маориф
    • Тандрустӣ
    • Фарҳанг
    • Ҷавонон ва варзиш
    • Кор бо занон
    • Меъморӣ ва шаҳрсозӣ
    • Ҳунарҳои мардумӣ
  • Аз паём то паём
  • Стратегия
  • Душанбе — пойтахт
  • Нақшаи кулл
  • Нома ба Раис
  • Эълонҳо
  • Тамос
  1. Асоси

Мулоқот бо Подшоҳи Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Абдуллоҳи II ибни Ал-Ҳусайн

6 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи ҷаласаи “Раванди Ақаба” таҳти унвони «Амният дар соҳаи зеҳни сунъӣ» дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон бо Подшоҳи Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Абдуллоҳи II ибни Ал-Ҳусайн мулоқот намуданд.
Дар вохӯрӣ масоили таҳкими муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории ду кишвар баррасӣ шуд.
“Мо кишвари Шуморо аз шарикони муҳими худ дар минтақаи Ховари Миёна ва ҷаҳони ислом медонем”-изҳор доштанд дар оғози суҳбат Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Зимни суҳбат масоили вобаста ба таҳкими робитаҳои сиёсӣ, густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва фарҳангию башарӣ дар маркази таваууҳ қарор гирифт.
Аҳамияти тақвияти заминаи қарордодию ҳуқуқӣ, робитаҳои байнипарлумонӣ ва фаъол намудани абзорҳои дуҷониба, чун машваратҳои сиёсӣ ва комиссияи байниҳукуматии ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ, таъкид гардид.
Ба таҳкими ҳамкорӣ дар доираи созмонҳо ва доираҳои байналмилалию минтақавӣ ва дастгирӣ аз ташаббусҳои ҳамдигар низ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид. Дар ин робита доир ба ташаббуси Урдун ҷиҳати роҳандозии “Раванди Ақаба” ва ҳамдастии ду кишвар дар роҳи татбиқи босамару бехатар аз зеҳни сунъӣ ва технологияҳои муосири рақамӣ мубодилаи андеша сурат гирифт.
Гуфтугӯи судманд, ҳамчунин доир ба авзои кунунӣ дар Ховари Миёна ва роҳҳои ҳалли сиёсию дипломатии низоъҳо дар ин минтақаи ҳассос доир гардид.
Дар ҷараёни суҳбат Президенти муҳтарами мо аз Подшоҳи Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Абдуллоҳи II ҷиҳати анҷом додани боздид аз Тоҷикистон дар вақти барояшон муносиб даъват ба амал оварданд.