15px

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ШОҲМАНСУРИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Суханрониҳо
    • Сафарҳои дохилӣ
    • Сафарҳои хориҷӣ
    • Фармонҳо
    • Паёмҳо
    • Барқияҳо
    • Суҳбатҳои телефонӣ
    • Аксҳо
  • Маъмурият
    • Раис
    • Муовинони Раис
    • Дастгохи раис
  • Тақсимоти маъмурӣ
    • Шиносномаи ноҳия
    • Соҳаи комуналӣ
    • Соҳаи иқтисодӣ
    • Соҳаи иҷтимоӣ
    • Соҳаи дин
    • Маориф
    • Тандрустӣ
    • Фарҳанг
    • Ҷавонон ва варзиш
    • Кор бо занон
    • Меъморӣ ва шаҳрсозӣ
    • Ҳунарҳои мардумӣ
  • Аз паём то паём
  • Стратегия
  • Душанбе — пойтахт
  • Нақшаи кулл
  • Нома ба Раис
  • Эълонҳо
  • Тамос
  1. Асоси

Мулоқот бо Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Никол Пашинян

Дар ҳошияи ҷаласаи Шурои Сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Никол Пашинян мулоқот намуданд.
Дар оғози суҳбат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Никол Пашиниянро барои аз нав таъйин гардидан ба мансаби Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон табрик намуда, алоқамандии ҷониби Тоҷикистонро ба густариши муносибатҳои дуҷониба бо Арманистон таъкид доштанд.
“Мо барои талошҳои минбаъдаи муштарак баҳри ғанӣ гардонидани муносибатҳои байни кишварҳоямон бо муҳтавои нави амалӣ омодаем”- изҳор доштанд Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Тавре зикр гардид, муносибатҳои тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Арманистон пайваста дар меҳвари таваҷҷуҳ қарор дошта, барои рушди бемайлони онҳо заминаҳои ҳуқуқӣ фароҳам оварда шудаанд.
Барои баланд бардоштани нишондиҳандаҳои гардиши молу маҳсулот миёни ду кишвар таъмини рушди савдои дуҷониба, робитаҳои доираҳои тиҷоратӣ ва ташкили форумҳои тиҷоратӣ зарур шумурда шуд.
Дар ин робита зарурати баргузорсозии ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматӣ доир ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ таъкид гардид.
Масоили ҳамкорӣ дар соҳаҳои фарҳанг, илму маориф, ҷавонон ва тақвияти робитаҳои бисёрҷониба низ аз мавзуъҳои муҳими суҳбат буд.