15px

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ШОҲМАНСУРИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Суханрониҳо
    • Сафарҳои дохилӣ
    • Сафарҳои хориҷӣ
    • Фармонҳо
    • Паёмҳо
    • Барқияҳо
    • Суҳбатҳои телефонӣ
    • Аксҳо
  • Маъмурият
    • Раис
    • Муовинони Раис
    • Дастгохи раис
  • Тақсимоти маъмурӣ
    • Шиносномаи ноҳия
    • Соҳаи комуналӣ
    • Соҳаи иқтисодӣ
    • Соҳаи иҷтимоӣ
    • Соҳаи дин
    • Маориф
    • Тандрустӣ
    • Фарҳанг
    • Ҷавонон ва варзиш
    • Кор бо занон
    • Меъморӣ ва шаҳрсозӣ
    • Ҳунарҳои мардумӣ
  • Аз паём то паём
  • Стратегия
  • Душанбе — пойтахт
  • Нақшаи кулл
  • Нома ба Раис
  • Эълонҳо
  • Тамос
  1. Асоси

МУЛОҚОТИ МУҲТАРАМ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БО МУҲАММАД ҲАСАН АСАДӢ

Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Раиси шаҳри Шерози Ҷумҳурии Исломии Эрон ҷаноби Муҳаммад Ҳасан Асадӣ, ки бо сафари расмӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, мулоқот намуданд.
Дар оғоз муҳтарам Рустами Эмомалӣ ташрифи нахустини меҳмон ва ҳайати ҳамроҳро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри зебои Душанбе самимона хайрамақдам гуфта, қайд намуданд, ки ин сафар қадами муҳим ва муассир дар самтҳои гуногун хоҳад буд.
Дар доираи мулоқот ҷонибҳо густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои иқтисодӣ, саноат, технологияҳои рақамӣ, маориф ва фарҳангро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ҷонибҳо ҳамчунин дар сатҳи баланд таҷлил намудани 35-умин солгарди истиқрори робитаҳои бародаршаҳрӣ дар соли 2027, ташкили Рӯзҳои фарҳангии шаҳри Душанбе дар шаҳри Шероз ва Рӯзҳои фарҳангии шаҳри Шероз дар шаҳри Душанбе ба мақсад мувофиқ арзёбӣ намуданд.
Дар мулоқот ҳамчунин доир ба дигар масъалаҳои барои ҳарду ҷониб судманд табодули афкор сурат гирифт.