Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва супориши бевоситаи Раиси ноҳияи Шоҳмансур муҳтарам Олимзода Сафар Маҳмадшо дар маҳаллаи «Дӯстии халқҳо»-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе бо иштироки гурӯҳи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия мулоқоту вохӯрӣ бо сокинон бо усули «маҳал ба маҳал» баргузор гардид. Дар мулоқот мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, мутахассиси пешбари шуъбаи дин, танзими ҷашну маросимҳо, инчунин намояндаи Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе иштирок намуда, оид ба масъалаҳои мубрами рӯз андешаронӣ намуданд.
Зимни вохӯрӣ масъалаҳои марбут ба аҳамияти хизмати ҳарбӣ ҳамчун мактаби ҷасорату мардонагӣ, тарбияи ҳисси баланди ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ миёни ҷавонон, баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, пешгирии ҷинояткорӣ, тарғиби фарҳанги миллӣ ва муқовимат ба бегонапарастӣ, пешгирии хариду фурӯши одамон ва нашъамандӣ, муқовимат ба омилҳои коррупсионӣ, баланд бардоштани зиракии сиёсӣ, арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ ва давлатӣ, ҳифзи арзишҳои фарҳангӣ, риояи одоби шаҳрнишинӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ҳамзамон, ҷиҳати пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон, таҳкими муносибатҳои оилавӣ, саҳмгузорӣ дар корҳои ободониву созандагӣ ва татбиқи амалии қонунҳои миллӣ тавсияҳои зарурӣ пешниҳод карда шуданд.