Дар ноҳияи Шоҳмансур бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим, рушди варзиш ва ҷалби кормандони ташкилоту муассисаҳо ба машғулиятҳои варзишӣ мусобиқаи тенниси рӯи миз баргузор гардид. Чорабинии мазкур дар доираи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур ва Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе аз ҷониби Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Шоҳмансур дар ҳамкорӣ бо Муассисаи давлатии «Мактаби варзишии №1»-и ноҳияи Шоҳмансур ташкил ва гузаронида шуд.
Дар мусобиқа кормандони ташкилоту муассисаҳои ноҳия иштирок намуда, маҳорати варзишӣ, чолокӣ ва омодагии хуби ҷисмонии худро нишон доданд. Баргузории чунин чорабиниҳои варзишӣ барои таҳкими дӯстиву ҳамкорӣ миёни кормандон, баланд бардоштани шавқу рағбат ба варзиш ва ташаккули тарзи ҳаёти солим мусоидат намуда, ба рушди минбаъдаи ҳаракати варзишӣ дар ноҳия заминаи мусоид фароҳам меорад.