Воқеан ҳам ҳеҷ гоҳ касе бе манфиат ба касе кумак накардаасту намекунад, ки ин аллакай ба касе пӯшида нест.
Чуноне ҳамагон дарк менамоянд воқеияти замони имрӯза бар пояи техникаву технологияи рақамӣ ва нанотехнологияҳо бунёд гардида истодааст. Ҳамин аст, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ ва пешрафти босуръати илму техника, технологияҳои рақамӣ ба яке аз омилҳои калидии рушди устувори давлатҳо табдил ёфтаанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бо дарки аҳамияти ин раванд, ба рушди иқтисоди рақамӣ ва истифодаи васеи технологияҳои иттилоотӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Бо дарки ин нукта Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 декабри соли 2026 рақамикунониро ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати стратегии давлат ва омили калидии рушди устувори кишвар номиданд. Таъкид гардид, ки ҷаҳони муосир босуръат ба марҳилаи нави технологӣ ворид шуда, давлатҳое пешрафта хоҳанд буд, ки ба иқтисоди рақамӣ ва инноватсия такя мекунанд. Истифодаи зеҳни сунъӣ ва ба пурраги гузаштан ба иқтисоди рақамӣ дар ҳамаи самтҳои фаолият, аз ҷумла идоракунии давлатӣ, иқтисод, молия, энергетика, тандурустӣ ва маориф кафили бақо ва рушди устувори минбаъдаи кишвар мебошад. Ин раванд ба кам гардидани таъсири омили инсонӣ, баланд шудани шаффофият ва самаранокии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва боварии байналмилалӣ мусоидат мекунад.
Президенти кишвар дар Паём таъкид намуданд, ки рушди устувори иқтисод ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ бидуни рақамикунонии соҳаҳои асосии ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ ғайриимкон аст. Технологияҳои рақамӣ ҳамчун воситаи муассир барои афзоиши самаранокии идоракунӣ, шаффофият, коҳиши хароҷот ва мубориза бо коррупсия хизмат мекунанд.
Яке аз самтҳои муҳими рушди устувор — иқтисоди рақамӣ мебошад. Истифодаи платформаҳои рақамӣ дар соҳаҳои бонкдорӣ, савдо, андозбандӣ ва хизматрасониҳои давлатӣ ба рушди соҳибкорӣ, ҷалби сармоя ва ташкили ҷойҳои нави корӣ мусоидат менамояд. Дар Паёми Президенти кишвар ба зарурати тавсеаи пардохтҳои ғайринақдӣ ва хизматрасониҳои электронӣ диққати махсус дода шудааст.
Татбиқи технологияи рақамӣ ва истифодаи технологияи ҳушманд дар самти энергетика бошад аллакай натиҷаи хуб додааст. Тавре, ки гуфта шуд, ҷорӣ намудани низоми муосири биллингӣ бо истифода аз технологияҳои рақамӣ дар шабакаҳои барқии кишвар имкон дод ки пардохти ҳаққи истифодаи барқ аз ҷониби сокинон ба пуррагӣ иҷро карда шуда, талафоти барқ 10 фоиз кам карда шавад ва ин ҳам танҳо дар шаҳри Душанбе. Бинобар ин баҳри пурра ба анҷом расонидани ин раванд дар тамоми ҷумҳурӣ масъулин вазифадор карда шуданд.
Дар соҳаи маориф, технологияҳои рақамӣ имконият медиҳанд, ки сифати таълим баланд бардошта шуда, дастрасӣ ба дониш барои тамоми табақаҳои ҷомеа фароҳам гардад. Таҳсилоти фосилавӣ, китобхонаҳои электронӣ ва платформаҳои омӯзишӣ омили муҳими ташаккули неруи инсонӣ мебошанд, ки асоси рушди устувори ҳар як кишварро ташкил медиҳанд.
Ҳамчунин, рақамикунонӣ дар соҳаи идоракунии давлатӣ нақши муҳим дорад. Ҷорӣ намудани ҳукумати электронӣ ба шаҳрвандон имкон медиҳад, ки хизматрасониҳоро бо осонӣ, бо суръат ва шаффоф дастрас намоянд. Ин раванд эътимоди мардумро ба сохторҳои давлатӣ тақвият мебахшад.
Дар баробари ин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи таъмини амнияти киберӣ ва омода намудани мутахассисони баландихтисоси соҳаи технологияҳои иттилоотӣ низ таваҷҷуҳ зоҳир намуданд. Зеро рушди рақамӣ бе кадрҳои соҳибихтисос ва инфрасохтори муосир натиҷаи дилхоҳ дода наметавонад.
Албатта татбиқ ва истифодаи технологияҳои муосири рақамӣ ва зеҳни сунъи дар ҳаёти ҳаррӯза дар ҳамаи самтҳо таваҷҷӯҳро талаб менамояд. Аз ин рӯ дар Паём ин ҷанба низ аз мадди назар дур намонда қайд карда шуд, ки: “Ҳукумати мамлакат бояд самтҳои афзалиятноки рушди технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ, саноатикунонии босуръат бо технологияҳои муосир, истифодаи имкониятҳои транзитӣ ва сайёҳӣ, идомаи ислоҳоти идоракунии давлатӣ, дастгирии соҳибкорӣ ва беҳтар гардонидани фазои сармоягузориро тақвият бахшад”.
Бо дар назардошти захира ва имконоти мавҷуда, кишвар метавонад эҳтиёҷоти марказҳои бузурги ҳисоббарории зеҳни сунъиро бо нерӯи барқи «сабз» ва оби хунук таъмин созад. Бинобар ин, дар Паём ба ҳукумати мамлакат супориш дода шуд, ки ба мақсади истифодаи имкониятҳои зеҳни сунъӣ дар раванди рушд доир ба таъсиси Корпоратсияи миллии зеҳни сунъӣ, Маркази минтақавии зеҳни сунъӣ ва маҷмааи марказҳои коркарди «маълумоти сабз» (дата – сентрҳо) чораҷӯйӣ намояд.
Пӯшида нест, ки татбиқи ҳеҷ як амале бе асоси ҳуқуқӣ имкон надорад. Ҳамин аст, ки барои таъмин намудани заминаи ҳуқуқии гузаштан ба иқтисоди рақамӣ ва истифодаи зеҳни сунъӣ барои чораҷӯи ба Парламенти кишвар супориш дода шуд дар Паём.
Маҳаки асосии ҷорӣ гардидани технологияи рақамӣ ва зеҳни сунъӣ ин бешубҳа алоқаи баландсифат мебошад. Бинобар, ин Пешвои миллат дар Паём қайд намуданд, ки “Дар ин раванд, Хадамоти алоқа вазифадор карда мешавад, ки ҷиҳати амалисозии иқдомоти созанда дар доираи «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия», инчунин, дар асоси ҳадафу вазифаҳои стратегии кишвар лоиҳаи «Стратегияи рушди соҳаи алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040»-ро таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намояд”.
Ҳар як сокини кишвар ба хуби дарк бояд намоянд, ки танҳо татбиқи технологияҳои рақами метавонад кишварро аз инзиво бароварда бо ҷаҳон мепайвандад. Ҷиддияти татбиқи ин масъаларо метавон аз ташаббусҳои байналмилалии роҳбарияти кишвар дарк намуд. Чуноне, ки дар Паём роҳбари кишвар зикр намуданд: “Бо ташаббуси кишвари мо қатъномаи махсуси Маҷмуаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зери унвони «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ» қабул гардид”.
Дар маҷмуъ метавон ба хулосае омад, ки технологияи муосир муайянкунандаи ҷойгоҳи ҳар кишвар дар арсаи байналмилалӣ буда рушди кишвар низ бо татбиқи он бастаги пайдо намудааст. Зеро акнун на ҳамаи қарорҳо ва амалиётҳо дар зеҳни инсон коркарду амали карда мешавад. Аз ин рӯ, баҳри дар кору фаолияти ҳаррӯза ҷорӣ намудани технологияи рақамӣ, истифодаи самараноки он дар якҷоягӣ бо зеҳни сунъӣ ва баҳравар гардидан аз манфиатҳову ҷанбаҳои фаровони мусбати он бешубҳа ба дониши мукаммали соҳавӣ ниёз аст. Аз ин рӯ, Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ вазифадор гардонида шуданд, ки якҷо бо вазоратҳои маориф ва илм, саноат ва технологияҳои нав ва молия талаботи бозори меҳнатро дар самти иқтисоди рақамӣ омӯхта, барои зиёд намудани теъдоди мутахассисони соҳаи мазкур, инчунин, баланд бардоштани сифати омодасозии кадрҳо тадбирҳои зарурӣ андешанд. Ҳамин тавр технологияҳои рақамӣ ҳамчун омили муҳими рушди устувор дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 декабри соли 2025 мавқеи марказӣ гирифта баён карда шуд, ки татбиқи пайвастаи сиёсати давлатӣ дар ин самт метавонад ба рушди иқтисод, беҳбуди сатҳи зиндагии аҳолӣ ва таҳкими мавқеи Тоҷикистон дар ҷомеаи ҷаҳонӣ мусоидат менамояд.