15px

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ШОҲМАНСУРИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Суханрониҳо
    • Сафарҳои дохилӣ
    • Сафарҳои хориҷӣ
    • Фармонҳо
    • Паёмҳо
    • Барқияҳо
    • Суҳбатҳои телефонӣ
    • Аксҳо
  • Маъмурият
    • Раис
    • Муовинони Раис
    • Дастгохи раис
  • Тақсимоти маъмурӣ
    • Шиносномаи ноҳия
    • Соҳаи комуналӣ
    • Соҳаи иқтисодӣ
    • Соҳаи иҷтимоӣ
    • Соҳаи дин
    • Маориф
    • Тандрустӣ
    • Фарҳанг
    • Ҷавонон ва варзиш
    • Кор бо занон
    • Меъморӣ ва шаҳрсозӣ
    • Ҳунарҳои мардумӣ
  • Аз паём то паём
  • Стратегия
  • Душанбе — пойтахт
  • Нақшаи кулл
  • Нома ба Раис
  • Эълонҳо
  • Тамос
  1. Асоси

НАҚШИ ЗАНОН ДАР ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИ ДВЛАТӢ

23-юми сентябри соли 2026 бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур ва дар доираи иҷрои нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе оид ба баргузории чорабиниҳои сиёсиву ҷамъиятӣ бо иштироки занону бонувони фаъоли ҳизб бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар толори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ таҳти унвони «Нақши занон дар таҳкими Истиқлоли давлатӣ» баргузор гардид.
Дар ҳамоиш мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Каримзода Рухшона, муовини раиси ноҳияи Шоҳмансур Зуҳурзода Заррина, намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур Давлатова Манзура, вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Музафарзода Парвина, намояндаи Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Рустамзода Сайёҳат, роҳбари Ҷамъияти ҳамраъйии занони муҳоҷири Афғонистон дар Давлати Ҳолланд Гулчеҳра Яфталӣ Наим, инчунин занону бонувони фаъоли кумитаву ташкилотҳои ҳизбӣ ва аъзои Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» иштирок намуданд.
Зимни ҳамоиш иштирокдорон оид ба нақши созанда ва масъулиятноки занон дар таҳкими пояҳои Истиқлоли давлатӣ, саҳми онҳо дар рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии кишвар, баланд бардоштани мавқеи зан дар ҷомеа, тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстиву худшиносии миллӣ ва иштироки фаъоли онҳо дар ҳаёти сиёсиву ҷамъиятии мамлакат андешаронӣ намуданд.
Зикр гардид, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ барои баланд бардоштани мақому манзалати занон ва фароҳам овардани шароити мусоид барои иштироки фаъолонаи онҳо дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа тадбирҳои пайваста амалӣ мегарданд. Занону бонувони кишвар бо истифода аз имкониятҳои фароҳамгардида дар рушди ҷомеа, таҳкими арзишҳои миллӣ ва ҳифзу густариши дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ саҳми арзанда мегузоранд.
Ҳамзамон, дар доираи ҳамоиш масъалаҳои вобаста ба таҳкими ҳисси масъулияти шаҳрвандӣ, баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқӣ, дастгирии ташаббусҳои созандаи занон ва иштироки онҳо дар корҳои ҷамъиятӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар фарҷоми ҳамоиш як қатор занону бонувони фаъол барои иштироки фаъолона дар ҳаёти сиёсиву ҷамъиятӣ ва саҳми арзандаашон дар татбиқи ҳадафҳои созандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо сипоснома ва туҳфаҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур қадрдонӣ карда шуданд.
Баргузории чунин чорабиниҳо дар самти таҳкими мавқеи занон дар ҷомеа, рушди фаъолияти ҷамъиятии онҳо ва арҷгузорӣ ба саҳми бонувон дар таҳкими Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳаммияти муҳим дорад.