15px

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ШОҲМАНСУРИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Суханрониҳо
    • Сафарҳои дохилӣ
    • Сафарҳои хориҷӣ
    • Фармонҳо
    • Паёмҳо
    • Барқияҳо
    • Суҳбатҳои телефонӣ
    • Аксҳо
  • Маъмурият
    • Раис
    • Муовинони Раис
    • Дастгохи раис
  • Тақсимоти маъмурӣ
    • Шиносномаи ноҳия
    • Соҳаи комуналӣ
    • Соҳаи иқтисодӣ
    • Соҳаи иҷтимоӣ
    • Соҳаи дин
    • Маориф
    • Тандрустӣ
    • Фарҳанг
    • Ҷавонон ва варзиш
    • Кор бо занон
    • Меъморӣ ва шаҳрсозӣ
    • Ҳунарҳои мардумӣ
  • Аз паём то паём
  • Стратегия
  • Душанбе — пойтахт
  • Нақшаи кулл
  • Нома ба Раис
  • Эълонҳо
  • Тамос
  1. Асоси

Нақши занон дар таҳкими Истиқлолият ва Ваҳдати миллӣ

Умри неки ҷовидон аз Ваҳдат аст,
Шодии пиру ҷавон аз Ваҳдат аст.
Меҳани ободи сабзу зебои маро,
Ифтихору шаъну шон аз Ваҳдат аст.
Дар воқеъ, Истиқлолият ва Ваҳдати миллӣ неъмати бебаҳоеанд, ки барои ҳар фарди миллати тоҷик арзиши бузург дошта, муқаддас ҳисобида мешавад, зеро пас аз солҳои душвори ҷанги шаҳрвандӣ ба туфайли хиради сиёсии Пешвои миллат ва кӯшишу дастгирии тамоми қишрҳои ҷомеа, хусусан занону модарон мустаҳкам гардид. Дар нигоҳ доштани сулҳу субот ва таҳкими Ваҳдати миллӣ нақши занон ва бонувон бағоят муҳим аст. Зеро зан-модар офаранда, таълимдиҳанда ва тарбиятгари насли имрӯз ва ояндаи миллат мебошад. Истиқлол, Ваҳдат, Сулҳ ва Ягонагӣ калимаҳоеанд, ки барои ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ азизу муқаддасанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми шодбошии худ ба муносибати Рӯзи модар таъкид доштанд, ки "мо ҳамеша ба масъалаи беҳбудии вазъи занону бонувон таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда, ташаббусҳои созандаашонро пайваста дастгирӣ менамоем ва барои амалӣ гардидани иқдомҳои неку наҷиби онҳо заминаву имкониятҳои мусоид фароҳам меоварем. Аз ҷумла ба хотири ҳимояи ҳуқуқи занон ҳоло тамоми заминаву имкониятҳои муосири қонунӣ фароҳам оварда шудаанд. Дар замони соҳибистиқлолӣ беш аз 60 санади меъёрии ҳуқуқӣ қабул карда шуд, ки амалисозии онҳо боиси бамаротиб беҳтар шудани вазъи иҷтимоии занону духтарон гардид. Илова бар ин, тибқи супоришҳои дар паёмҳои қаблии Роҳбари давлат гузошташуда танҳо дар ду соли охир ду ҳуҷҷати муҳим - Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 - 2030 ва Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони болаёқат барои солҳои 2023 - 2030 қабул карда шуд“.
Маънии ваҳдатро Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле равшану гӯшнавоз шарҳ додаанд: “Ваҳдат барои мо як вожа ва калимаи одӣ нест, балки номаи тақдири мо, шарти пешрафти кишварамон ба сӯи ояндаи ободу осуда ва муҳимтар аз ҳама, кафили сарҷаъмию хушбахтии имрӯзу ояндаи халқамон аст”.
Имрӯзҳо зан - модари тоҷик дар ҳама самту соҳаҳои муҳим: иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ, илм, маориф, тандурустӣ фаъолияти шоёну назаррас дорад. Гузашта аз ин, занони тоҷик рисолати азалии худ тарбияи насли наврас ва саводу хат омӯхтани фарзандони худро дар ҷойи аввал гузошта, бо заковату матонат онҳоро дар руҳияи худшиносӣ, худогоҳӣ ва дӯст доштани марзу буми аҷдодӣ ба воя мерасонанд. Чуноне ки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд: “Мо ҳамеша ифтихор мекунем, ки модарону бонувони кишвари мо бо меҳрубониву самимият ва ҳунармандиву маърифати баланди худ маҳбуби дилҳо мебошанд. Маҳз ваҳдат инсониятро ба қуллаҳои баланди тараққиёт расонидааст. Ваҳдат ба ҳам
омадан, сар аз як гиребон баровардан, ҳамдигарфаҳму поктинату миллатдӯст будан аст".
Имрӯз иттифоқ ва ҳамдилии халқи тоҷик мавриди омӯзиши Созмони Милали Муттаҳид ва бисёр ташкилотҳои олам гардидааст. Ваҳдати миллӣ моҳият ва арзишҳои худро дошта, ба қадр, муҳтаво ва асолати он расидан худ кори муқаддас ва бузург мебошад. Чуноне ки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки "Ваҳдат рамзи воқеӣ ва ҷавҳари фалсафаи сулҳофарӣ, фарҳангсолориву таҳаммулпазирии миллати тоҷик ва таҷассумгари иттиҳоду ҳамбастагии тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад".
Имрӯз ҳар як фарзанди бонангу номус бояд барои миллати содиқона хидмат намуда, бо сулҳу Ваҳдати кишвари азизамон бифахрад.
Тоҷикистон хонаи хуршеди Ваҳдат шуд,
Хонаи уммеди мо кохи муҳаббат шуд.
Дастҳо гарми салому дидаҳо пурнур,
Зиндагӣ саршор аз файзу саломат шуд.
Пар кашад Симурғ болои сари тоҷик,
Сарнавишти чун биҳишти мо китобат шуд.
Ишқ омад, оламе хушбӯву рангин гашт,
Ояти сабзи шукуфтанҳо тиловат шуд.
Осмони обии хушранги Истиқлол,
Рӯ ба истиқболи дилҳо масти тоат шуд.
Чун санавбар Тоҷикистон қомат афрозад,
Сабзу хуррам кишвари меҳру садоқат шуд.
Фарида АЛИЗОДА,
мудири бахши кор бо занон ва оилаи МИҲД-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе
Показать меньше