15px

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ШОҲМАНСУРИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Суханрониҳо
    • Сафарҳои дохилӣ
    • Сафарҳои хориҷӣ
    • Фармонҳо
    • Паёмҳо
    • Барқияҳо
    • Суҳбатҳои телефонӣ
    • Аксҳо
  • Маъмурият
    • Раис
    • Муовинони Раис
    • Дастгохи раис
  • Тақсимоти маъмурӣ
    • Шиносномаи ноҳия
    • Соҳаи комуналӣ
    • Соҳаи иқтисодӣ
    • Соҳаи иҷтимоӣ
    • Соҳаи дин
    • Маориф
    • Тандрустӣ
    • Фарҳанг
    • Ҷавонон ва варзиш
    • Кор бо занон
    • Меъморӣ ва шаҳрсозӣ
    • Ҳунарҳои мардумӣ
  • Аз паём то паём
  • Стратегия
  • Душанбе — пойтахт
  • Нақшаи кулл
  • Нома ба Раис
  • Эълонҳо
  • Тамос
  1. Асоси

НАФАСИ ТОЗАИ НАВРӮЗ МУБОРАК БОД!

Корвони наврӯзӣ дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе бо қадами мубораки худ сокинонро аз хоби ноз бедор намуд... Субҳи содиқ, имрӯз дар қатори дигар ноҳияҳои ҳудуди пойтахт Корвони наврӯзии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе дар якҷоягӣ бо кормандони корхонаву муассисаҳо ва сокинони шаҳраку маҳаллаҳо дар боғи Ғалабаи пойтахт ба хотири истиқболи самимӣ аз баҳору Наврӯз ва фасли шукуфоӣ ба ҳам ҷамъ омада, интизори фарорасии ҷашни бостонии Наврӯзро бо шодиву сурур ва рақсҳои мавзун таҷлил намуданд. Тибқи маълумотҳо гузаштагони мо дар яке аз рӯзҳои муайян ба хотири ин ҷашн маросими муҳташаме ороста, бо ҳамдигар шодмониву хурсандӣ мекарданд, то ин ки тамоми сол ба кишвар хуррамиву хушрӯзӣ ва ба хонадони мардум бахту иқбол ҳамроҳ бошад. Корвони наврӯзии ноҳия аз дарвозаи шарқии пойтахт ба самти маркази шаҳр ҳаракат намуда, сокинони ноҳия бошанд, таҳти танини садои карнаю сурнай тариқи шоҳроҳ мардумро аз хоби ноз бедор намуда, муждаи фарорасии баҳору Наврӯзро расониданд.