15px

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ШОҲМАНСУРИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Суханрониҳо
    • Сафарҳои дохилӣ
    • Сафарҳои хориҷӣ
    • Фармонҳо
    • Паёмҳо
    • Барқияҳо
    • Суҳбатҳои телефонӣ
    • Аксҳо
  • Маъмурият
    • Раис
    • Муовинони Раис
    • Дастгохи раис
  • Тақсимоти маъмурӣ
    • Шиносномаи ноҳия
    • Соҳаи комуналӣ
    • Соҳаи иқтисодӣ
    • Соҳаи иҷтимоӣ
    • Соҳаи дин
    • Маориф
    • Тандрустӣ
    • Фарҳанг
    • Ҷавонон ва варзиш
    • Кор бо занон
    • Меъморӣ ва шаҳрсозӣ
    • Ҳунарҳои мардумӣ
  • Аз паём то паём
  • Стратегия
  • Душанбе — пойтахт
  • Нақшаи кулл
  • Нома ба Раис
  • Эълонҳо
  • Тамос
  1. Асоси

НАВСОЗИИ ВАСЕЪМИҚЁСИ ИНФРАСОХТОРИ РОҲ ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Чароғакҳои «ҳушманд», гузаргоҳҳои пиёдарави дурахшанда ва нишондиҳандаҳои кӯчаҳо мавриди истифода қарор дода шуданд
Пойтахти Тоҷикистон торафт сабзтар, зеботар, аз ҷиҳати технологӣ муосиртар ва амнтар мегардад. На танҳо роҳҳои мошингарди муосир ва канорҳояшон сабз, балки чароғакҳои «ҳушманд» бо зеҳни сунъӣ, гузаргоҳҳои пиёдарави дурахшанда ва нишондиҳандаҳои кӯчаҳо низ пайдо мешаванд.
Бо мақсади иҷрои супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар пойтахти кишвар як қатор тадбирҳо оид ба беҳтар намудани ҳаракат дар роҳ андешида шуданд.
Лоиҳа аз ҷониби КВД «Шаҳри ҳушманд» дар якҷоягӣ бо РВКД дар шаҳри Душанбе амалӣ карда шуд.
Ҳоло дар чорроҳаҳои кӯчаҳои Рӯдакӣ ва «Бухоро» дар назди Хонаи матбуот, инчунин кӯчаҳои Рӯдакӣ ва Карамов дар назди Донишгоҳи аграрӣ чароғакҳои ҳушманд насб карда шудаанд, ки дар асоси зеҳни сунъӣ кор мекунанд. Чароғакҳо дар вақти воқеӣ маълумотро таҳлил, мошинҳоро ҳисоб мекунад, суръати ҷараёни ҳаракатро ро чен менамоянд ва мавҷудияти пиёдагардонро сабт сабт месозанд. Пас аз ин, зеҳни сунъӣ худаш қарор медиҳад, ки ба кадом самт нури сабз диҳад ва барои кадом вақт. Яъне, вақти фурузон будани ранги сабз яксон нест ва ҳар дафъа вобаста ба ҷараёни ҳаракат дар роҳ тағйир меёбад. Ин барои кам кардани тамбашавии мошинҳо кӯмак мекунад.
Қобили зикр аст, ки чунин чароғакҳо бори аввал дар консолҳо, яъне дар такягоҳҳои овезон дар болои қисми роҳ насб карда шуданд. Ин ба ронандагон имкон медиҳад, ки равшании чароғакро ҳатто аз масофаи дур бубинанд.
Яке аз дигар иншооти калидӣ, ки дар онҳо навсозӣ шудааст, чорроҳаи кӯчаҳои Раҳимӣ ва Сино дар назди бинои Прокуратураи генералӣ мебошад. Дар ин ҷо тарҳи ташкили ҳаракат тағйир дода шуд. Ҳоло хати миёна махсус барои гардиш ба тарафи чап ҷудо карда шудааст. Дар чароғакҳо барои онҳое, ки ба рост ва чап гардиш мекунанд, нишондиҳандаҳои иловагӣ пайдо шуданд. Ба шарофати ин, мошинҳо хати ҳаракатро зудтар озод мекунанд. Аммо, баъзе ронандагон аз тағйирот бехабаранд ва хатеро ишғол мекунанд, ки аз он танҳо гардиш кардан мумкин, вале онҳо ҳаракатро ба самти рост идома медиҳанд. Ин вайрон кардани Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ аст, ки барои он ҷарима пешбинӣ шудааст. Аз ин рӯ, ҳангоми интихоби хати ҳаракат бодиққат бошед.
Навгонии дигари пойтахт гузаргоҳҳои дурахшандаи (нурафкани) пиёдарав мебошанд. Онҳо бинишро аз дур таъмин мекунанд, ронанда пиёдагардро ҳатто шабона ё дар вақти борони шадид низ мебинад. Чунин гузаргоҳҳо бо истифода аз тавҳизоти нурафкани LED сохта мешаванд, ки дар сутунҳои махсус ва ё такягоҳҳо дар болои роҳи кӯчаҳо насб карда мешаванд.
Инчунин дар канори баъзе роҳҳо панҷараҳо насб карда шудаанд, ки ба гузариши қисми роҳ дар ҷойҳои номувофиқ монеъ мешаванд. Ин барои пешгирии нақзи қоидаҳои ҳаракат ва баланд бардоштани бехатарии пиёдагардон анҷом дода мешавад.
Илова бар ин, барои кумак ба сайёҳон ва сойири меҳмонони пойтахт нишондиҳандаҳои кӯчаҳо бо тарҷума ба забони англисӣ пайдо шуданд.
Вазорати нақлиёт