8/01/2026
Имрӯз дар доираи ҳидояту
раҳнамоиҳои бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе
муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудан аз ҷашни
35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин, баҳри сабзу хуррам
нигоҳ доштани кӯчаву хиёбонҳои пойтахт бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти
давлатии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе дар хиёбонҳои Рӯдакӣ, Мирзо Турсунзода
ва кӯчаи Бухоро бо иштироки муовини Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Толиб
Раҳимзода, Раиси ноҳияи Шоҳмансур муҳтарам Сафар Маҳмадшо, муовини якум,
муовинон, роҳбари дастгоҳ ва масъулини ноҳия маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор
гардид.
Зимни оғози корҳои
ниҳолшинонӣ муовини Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Толиб Раҳимзода қайд карданд,
ки дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бояд ҳар
як сокини пойтахт дар ободониву сабзкорӣ саҳми арзанда ва намоён гузорад ва
барои беҳтар гардондани вазъи экологӣ, пешгирии эрозияи замин ва баланд
бардоштани ҳусни зебоии ноҳия саҳми арзанда гузорад.
Дар хиёбонҳои номбурда
17 адад навъи дарахти серенаи ороишӣ, 7 адад дарахти магнолия шинонида шуда, инчунин
500 метри мураббаъ мавзеъ барои кошидани майсазоркунӣ омода карда шуд. Барои
дуруст нигоҳубин кардан ва парвариши дарахтон аз ҷониби роҳбарият ба масъулин дастуру
супоришҳо дода шуд. Аз ҷумла зикр гардид, ки ноҳияи Шоҳмансур яке аз навоҳии
марказии пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе ба шумор рафта, барои
пайваста сабзу хуррам нигоҳ доштани кӯчаву хиёбонҳои он ҳар яки мо бояд
саҳмгузор бошем. Ҳамзамон, ба масъулини Раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳия супориш
дода шуд, ки барои нигоҳубини ниҳолҳои шинондашуда масъулияти ҷиддӣ зоҳир
намуда, ҷиҳати рушду ободии ноҳия талоши ҳамаҷониба варзанд.
Ёдовар мешавем, ки
мақсад аз ташкили маъракаи ниҳолшинонӣ, пеш аз ҳама, зиёд намудани дарахтони
ороишӣ, беҳтар гардондани фазои экологӣ, инчунин зебо намудани хиёбону
маҳаллаҳо ва саҳмгузорӣ дар амалӣ намудани сиёсати экологии Ҳукумати мамлакат
мебошад.