НИҲОЛШИНОНӢ – РАМЗИ МЕҲРУ МАСЪУЛИЯТ НИСБАТ БА ТАБИАТ
Дар доираи ҳидояту раҳнамоиҳои бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудан аз ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин, баҳри сабзу хуррам нигоҳ доштани кӯчаву хиёбонҳои пойтахт имрӯз бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ва саҳмгузории соҳибкоронӣ ватанӣ дар хиёбони “Рӯдакӣ” ва кӯчаи ба номи “Академикҳо Солеҳ ва Зариф Раҷабовҳо” бо иштироки роҳбарияти мақомот ниҳолшинонии навбатӣ баргузор гардид.
Дар кӯчаву хиёбони номбурда беш аз 30 дарахтҳои ороишии навъи магнолия шинонида шуда, нигоҳубини минбаъдаи ниҳолҳо, аз ҷумла обёрии мунтазам, нармкунии бехи дарахтон зери назорати доимӣ қарор дорад.
Дар рафти маъракаи ниҳолшинонӣ зикр гардид, ки ҳадаф аз баргузории ин иқдом беҳтар намудани вазъи экологӣ, зебо гардонидани муҳити зист ва баланд бардоштани фарҳанги шаҳрдорӣ мебошад. Таъкид шуд, ки ҳар як ниҳоли шинонидашуда барои тозагии ҳаво ва саломатии ҷомеа аҳаммияти муҳим дошта, ниҳолшинонӣ, пеш аз ҳама, ба зиёд намудани дарахтони ороишӣ, беҳтар гардондани фазои экологӣ, инчунин зебо намудани кӯчаву хиёбонҳо ва саҳмгузорӣ дар амалӣ намудани сиёсати экологии Ҳукумати мамлакат мебошад. Инчунин иштирокчиён иброз доштанд, ки иқдомҳои мазкур идомаи ташаббусҳои бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллат буда, бояд пайваста роҳандозӣ гарданд, зеро ниҳолшинонӣ рамзи меҳру муҳаббат ба табиат ва саҳми амалӣ дар ободонии Ватан ба ҳисоб меравад.
Ҳамзамон гуфта шуд, ки бо эълон гаштани соли 2026 “Соли вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ” бояд ҳар як сокини ноҳия дар баланд бардоштани ҳусни зебоии он саҳмгузор бошанд.