15px

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ШОҲМАНСУРИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Суханрониҳо
    • Сафарҳои дохилӣ
    • Сафарҳои хориҷӣ
    • Фармонҳо
    • Паёмҳо
    • Барқияҳо
    • Суҳбатҳои телефонӣ
    • Аксҳо
  • Маъмурият
    • Раис
    • Муовинони Раис
    • Дастгохи раис
  • Тақсимоти маъмурӣ
    • Шиносномаи ноҳия
    • Соҳаи комуналӣ
    • Соҳаи иқтисодӣ
    • Соҳаи иҷтимоӣ
    • Соҳаи дин
    • Маориф
    • Тандрустӣ
    • Фарҳанг
    • Ҷавонон ва варзиш
    • Кор бо занон
    • Меъморӣ ва шаҳрсозӣ
    • Ҳунарҳои мардумӣ
  • Аз паём то паём
  • Стратегия
  • Душанбе — пойтахт
  • Нақшаи кулл
  • Нома ба Раис
  • Эълонҳо
  • Тамос
  1. Асоси

Нишасти матбуотии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе баргузор гардид

Имрӯз, 15 июли соли 2026 нишасти матбуотии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе аз натиҷаҳои фаъолият дар нимсолаи якуми соли 2026 баргузор гардид.
Дар нишасти матбуотӣ Раиси ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Сафар Маҳмадшо, муовини якум, муовинони раис, роҳбари дастгоҳ, сардорони шуъбаву бахшҳо, роҳбарони муассисаҳои тобеъ ва 48 нафар намояндаи васоити ахбори омма, аз ҷумла Агентии миллии иттилоотии “Ховар”, “Телевизиони Тоҷикистон”, “Телевизиони Сафина”, “Телевизиони Варзиш”, “Телевизиони Душанбе”, “Телевизиони Сайёҳӣ”, “Телевизиони Илм ва табиат”, “Телевизиони Ҷаҳоннамо”, “МИР”, “Телевизиони Баҳористон”, “Телевизиони Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, “Телевизиони Синамо”, радиоҳои “Ховар”, “Тоҷикистон”, “Садои Душанбе”, “Ҳамсадо”, “Ховар”, “ZET-FM”, рӯзномаҳои “Садои мардум”, “Минбари халқ”, “Ваҳдат”, “Азия плюс”, “Ҷавонони Тоҷикистон”, “Народная газета”, “Паёми Душанбе”, “Меҳвар”, “Истиқлол”, “Овози тоҷик”, “Халқ овози”, “Авесто”, “Навиди Сино”, “Насими Айём”, сомонаи расмии “ЁР.ТҶ”, рӯзноманигорони озод ва намояндагони Иттифоқи журналистони Тоҷикистон иштирок намуданд.
Қабл аз нишасти матбуотӣ ба намояндагони воситаҳои ахбори омма ҷиҳати шиносоӣ бо натиҷаҳои фаъолият дар нимсолаи якуми соли 2026 маводи иттилоотӣ дастрас карда шуд.
Зимни нишасти матбуотӣ аз ҷониби намояндагони воситаҳои ахбори омма доир ба фаъолияти муассисаҳои ғайрифаъол, истифодаи самараноки иншооти мавҷуда, тадбирҳои андешидашаванда ҷиҳати пешгирии таъсири фасли гармо, ҷалби сармояи хориҷӣ, рушди соҳаи сайёҳӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои сайёҳон, дастовардҳои варзишгарони ноҳия дар сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ, корҳои сохтмонӣ ва ҳолати санитарии кӯчаҳо, инчунин вазъи бозори меҳнат ва ҷойҳои кории холӣ саволҳо пешниҳод гардида, аз ҷониби масъулин ба онҳо ҷавобҳои муфассал ва мушаххас дода шуданд.
Ёдовар мешавам, ки дар асоси амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 марти соли 2005, №АП-1677 ва дастури Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 июни соли 2026, №26/10-814, вобаста ба баргузории нишастҳои матбуотӣ дар вазорату идораҳо, корхонаҳо, муассиса ва ташкилотҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри ва ноҳияҳо оид ба ҷамъбасти нимсолаи якуми соли 2026 баргузор гардид.