Имрӯз дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор гардид.
Дар нишасти матбуотӣ Раиси ноҳияи Шоҳмансур Сафар Маҳмадшо, муовини якум, муовинони раис, роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, сардорони шуъбаву бахшҳо, роҳбарони муассисаҳои тобеъ ва 29 нафар намояндаи васоити ахбори омма иштирок намуданд.
Дар оғоз Раиси ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Сафар Маҳмадшо ба таври мухтасар вобаста ба рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳия дар соли 2025 маъруза намуд. Аз ҷумла қайд гардид, ки нақшаи контингенти умумии даромадҳо ба маблағи 1363.1 миллион сомониро ташкил дода, ба буҷети давлатӣ маблағҳои андозӣ ва ғайриандозӣ ба маблағи 1550,9 миллион сомонӣ ворид шудааст, ки нисбат ба соли 2024 ба маблағи 279,8 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Дар нишасти матбуотӣ аз ҷониби намояндагони воситаҳои ахбори омма саволҳо пешниҳод гардиданд, ки ба ҳар савол Раиси ноҳияи Шоҳмансур тибқи тартиб посухҳои мушаххас доданд.
Ёдовар мешавем, ки тибқи амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 04 марти соли 2005, №АП-1677 дар хусуси ташкил ва баргузории нишастҳои матбуотӣ дар вазорату идораҳо, корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳо ва шаҳру навоҳии мамлакат нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд.