Дар доираи таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур бо ташаббуси Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия аксияи тарғиботию ватандӯстона таҳти унвони «Нишони сарисинагӣ — нишони ифтихор аз Ватан» баргузор гардид. Ҳадафи баргузории аксия тарғиби арзишҳои миллӣ, таҳкими ҳисси ватандӯстӣ ва баланд бардоштани ифтихори шаҳрвандон аз Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.
Дар рафти аксия ба иштирокчиён нишони сарисинагии 35-солагии Истиқлоли давлатӣ тақдим гардида, тавассути он аҳамияти Истиқлоли давлатӣ ҳамчун дастоварди бузурги таърихии миллат ва омили муҳими таҳкими давлатдории миллӣ муаррифӣ карда шуд. Чорабинии мазкур барои баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои давлатӣ ва таҳкими рӯҳияи ватандӯстӣ миёни ҷомеа мусоидат намуд.