Ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавононро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон 100 фоиз иҷро намуд. Ин нишондиҳанда далели татбиқи саривақтии чораҳои зарурӣ ва масъулияти баланди сохторҳои дахлдори ноҳия дар самти иҷрои вазифаи муқаддаси шаҳрвандӣ мебошад.
Сарбаландона ва пеш аз муҳлат ба анҷом расонидани маъракаи даъвати тирамоҳӣ аз ҳисси баланди ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва омодагии ҷавонони ноҳияи Шоҳмансур барои ҳифзи марзу буми Ватан шаҳодат медиҳад. Ин дастоварди муҳим дар заминаи дастгирии сиёсати созандаи давлат ва ҷалби фаъоли ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ба даст омадааст.