15px

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ШОҲМАНСУРИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Суханрониҳо
    • Сафарҳои дохилӣ
    • Сафарҳои хориҷӣ
    • Фармонҳо
    • Паёмҳо
    • Барқияҳо
    • Суҳбатҳои телефонӣ
    • Аксҳо
  • Маъмурият
    • Раис
    • Муовинони Раис
    • Дастгохи раис
  • Тақсимоти маъмурӣ
    • Шиносномаи ноҳия
    • Соҳаи комуналӣ
    • Соҳаи иқтисодӣ
    • Соҳаи иҷтимоӣ
    • Соҳаи дин
    • Маориф
    • Тандрустӣ
    • Фарҳанг
    • Ҷавонон ва варзиш
    • Кор бо занон
    • Меъморӣ ва шаҳрсозӣ
    • Ҳунарҳои мардумӣ
  • Аз паём то паём
  • Стратегия
  • Душанбе — пойтахт
  • Нақшаи кулл
  • Нома ба Раис
  • Эълонҳо
  • Тамос
  1. Асоси

НОҲИЯИ ШОҲМАНСУР — ПЕШСАФ ДАР ДАВРИ ШАҲРИИ ОЗМУНИ «ШОҲНОМАХОНӢ»

Дастоварди беназири довталабони ноҳияи Шоҳмансур дар даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» боиси ифтихору сарфарозист. Аз рӯи шумораи ҷойҳои ифтихорӣ ноҳияи Шоҳмансур дар байни ноҳияҳои шаҳри Душанбе мақоми аввалро соҳиб гардида, дар маҷмӯъ 16 ҷойи ифтихорӣ ба даст овард: 5 ҷойи аввал, 5 ҷойи дуюм ва 6 ҷойи сеюм.
Ин дастоварди шоиста далели таваҷҷуҳи пайваста ба омӯзиши осори безаволи Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ, рушди ҷаҳонбинӣ ва маърифати адабии насли наврас буда, аз сатҳи баланди омодагӣ ва истеъдоди довталабони ноҳия шаҳодат медиҳад. Ба ҳамаи ғолибону омӯзгорон ва волидони онҳо ин дастоварди арзандаро самимона муборакбод гуфта, дар марҳилаҳои минбаъдаи озмун барору комёбӣ орзу менамоем!