НОҲИЯИ ШОҲМАНСУР САБЗПӮШ МЕШАВАД
Дар доираи ҳидояту раҳнамоиҳои бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ имрӯз бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе дар якҷоягӣ бо Бонки байналмилалии Тоҷикистон дар кӯчаи Айнӣ бо иштироки роҳбарияти мақомот маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор гардид. Дар кӯчаи номбурда беш аз 250 адад дарахтҳои ороишии санавбар ва каштан шинонида шуд. Дар рафти маъракаи ниҳолшинонӣ зикр гардид, ки бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудан аз ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин баҳри сабзу хуррам нигоҳ доштани кӯчаву хиёбонҳои пойтахт, беҳтар намудани вазъи экологӣ, зебо гардонидани муҳити зист ва баланд бардоштани фарҳанги шаҳрдорӣ мебошад. Инчунин иброз гардид, ки иқдомҳои мазкур идомаи ташаббусҳои бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллат буда, бояд пайваста роҳандозӣ гарданд, зеро ниҳолшинонӣ яке аз анъанаҳои неки ниёгони мо ва рамзи ободонию сарсабзӣ ва саҳми гузоштан дар ободонии кишвар ба ҳисоб меравад. Ёдовар мешавем, ки бо эълон гаштани соли 2026 “Соли вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ” ҳар нафари моро зарур аст, ки дар корҳои ободониву созандагӣ саҳмгузор бошем ва бояд гуфт, ки ниҳолшинонӣ натанҳо як амали сабзкорӣ, балки нишонаи фарҳанги баланд ва садоқат ба табиату ояндаи дурахшони кишвар мебошад.