Аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 27-уми июни соли 1997 баъди музокироти бисёр тӯлонӣ ба хотири ҳифзи якпорчагии марзу буми кишвар, таъмини сулҳу субот, сарҷамъии миллат ва зиндагии ороми сокинони мамлакат Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид ва ин санади муҳим дар таърихи навини халқу кишварамон асноди сарнавиштсоз гардид.
Бори аввал дар таърихи Тоҷикистон шахсе ба маснати давлат баромад, ки аз миёни мардуми заҳматкаш ва ҳамдарди миллат буд. Барои Тоҷикистони парешонгашта ва мардуми азиятдидааш сулҳи бебозгашт овард, зеро онро фарзанди бузурги ин сарзамин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон устуворӣ бахшидааст.
Имрӯз сокинони кишвар дар фазои сулҳу ором, ваҳдату якдигарфаҳмӣ зиндагии шоиста доранд. Бигзор, хуршеди сулҳу ваҳдат ва муҳаббату баробарӣ дар фазои Тоҷикистони озоду соҳибистиқлоламон то абад тобанда бошад.
Хушбахтона, дар чунин вазъияти басо сангин моҳи ноябри соли 1992 Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри бостонии Хуҷанд баргузор гардид, ки дар ин иҷлосияи таърихӣ вакилони мардумӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Шӯрои Олӣ интихоб намуданд.
Ваҳдат, сулҳ ва ягонагӣ. Ин калимаҳое мебошанд, ки барои ҳар тоҷику тоҷикистонӣ азизу муқаддас маҳсуб ёфта, монанд ба идҳои суннатии халқамон аст. Маънии ин калимаро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле равшану гӯшнавоз шарҳ додаанд: «Ваҳдат барои мо як вожа ва калимаи оддӣ нест, балки номаи тақдири мо, шарти пешрафти кишварамон ба сӯи ояндаи ободу осуда ва муҳимтар аз ҳама, кафили сарҷаъмию хушбахтии имрӯзу ояндаи халқамон аст».
Дар ҷомеае, ки решаҳои сулҳу ваҳдат пойдору мустаҳкаманд, ҳеҷ гоҳ осебе намерасад. Агар хуб ба умқи ин мафҳум назар андозем, мебинем, ки зери вожаи “ваҳдат” шодиву нишот, ҳамдиливу ҳамзабонӣ, иттиҳоду сарҷамъӣ ва якпорчагиву осоиштагӣ чизи дигареро баён карадн ғайри имкон аст. Мусаллам аст, сулҳу ваҳдат неъмати бузург ба шумор рафта, дар ҳар миллату давлате, ки сулҳу ваҳдат ва истиқлолият ҳукмронӣ менамояд, сокинони он кишвар дар фазои сулҳу субот нафаси озод мекашанд.
Ҳамасола 27- уми июн дар Тоҷикистон ҷашни Ваҳдати миллӣ қайд гирифта мешавад. Ҷашни Ваҳдати миллӣ – яке аз муҳимтарин идҳои давлатӣ ба ҳисоб меравад.
Вахдат ба хам омадан , сар аз як гиребон бурун овардан, хамдигарфахму поктинату миллатдӯст будан мебошад. Вахдат-беҳтарин неъмат, хаёти инсон, орзуву армон, тахкими давлат, начоти миллат, рушди точикон , нумуи даврон хастии инсон дар хар замину замон аст.
Ҳақиқатан Ваҳдати миллӣ шукуфоиии Ватан аст, зеро дар давлате, ки сулҳу амонӣ ва дӯсти ҳукумфармост, он давлат рӯз то рӯз гул-гул мешукуфад, иқтисодиёташ тадриҷан меафзояд, ҳам аз ҷихати сиёсӣ ва ҳам аз ҷихати фарҳангӣ пеш меравад.
Қадру манзалати ваҳдати миллиро ҳар як фарди миллат бояд дарк намояд ва баҳри пойдории он ҳамарӯза амал намояд. Ваҳдати мо дар ҳақиқат дастоварди муқаддас аст ва мо фарзандони миллат вазифадорем, ки онро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем.
Воқеан ҳам, Ваҳдат омили рушди босуботи мамлакат, кафили иқболу саодати халқу ҷамъият ба ҳисоб меравад. Ин мафҳуми муқаддас миёни мафҳумҳои барои мо пурарзиш, чун сулҳу амният, маърифату фарҳанг, ватандориву ватандӯстӣ, иттифоқу ҳамдилӣ, андешаву шуур ва ҳуввияти миллӣ ҷойгоҳи махсусро дорост. Зеро Ваҳдат сароғози ҳамаи комёбиҳо, созандагиву ободкориҳо, ибтидои суботи сиёсиву иҷтимоӣ ва некӯаҳволии ҷомеаи навин, ҳамчунин, худогоҳиву худшиносӣ баҳри ҳамаи миллати соҳибмаърифати мо ба ҳисоб меравад.
Шоирони ваҳдатсароямон, чун Рӯдакию Фирдавсӣ, Саъдиву Ҳофиз, Низомиву Ҷомӣ, Лоиқу Бозор ва садҳо дигар, ки осорашон саросар ватандӯстонаву омӯзандаву ибратбахшу ҷовидонаанд, андешаҳои бойи таърихӣ доранд, ба мо дастур медиҳанд, ки худшинос бошем, худогоҳ бошем, донем ки кистем ва аз куҷоем.
Бузургии ин неъматро на танҳо имрӯз, балки аз гузаштаҳои дур низ васфу ситоиш мекарданд. Бузургони ҷодаи назм мафҳуми дӯстиву якпорчагиро ба таври образноку мушаххас ба тасвир гирифтаанд. Яке аз бузургтарин шоирони таърихи адабиёт Ҳофизи Шерозӣ дӯстиву бародариро аз афзалтарин неъматҳо шумурда, мардумонро ба ин ҷодаи неки зиндагӣ ташвиқ намудааст.