Имрӯз, 9 июли соли 2026, тибқи қарорҳои дахлдори Раиси шаҳри Душанбе ва Раиси ноҳияи Шоҳмансур, маросими оғози басти сеюм ва сафарбар намудани кӯдакону наврасон ба истироҳатгоҳи беруназшаҳрии «Зимчуруд» воқеъ дар ноҳияи Варзоб баргузор гардид.
Субҳи имрӯз аз назди бинои шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур бо иштироки муовини Раиси ноҳия Заррина Зуҳурзода, мудири шуъбаи маорифи ноҳия Асомиддин Бобозода, падару модарон ва намояндагони муассисаҳои таълимӣ кӯдакон тавассути автобусҳои махсус ба истироҳатгоҳ сафарбар карда шуданд.
Зимни чорабинӣ таъкид гардид, ки фароҳам овардани шароити мусоид барои истироҳат, солимгардонӣ ва рушди ҳамаҷонибаи кӯдакону наврасон яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Тибқи қарорҳои қабулшуда, дар мавсими тобистонаи соли 2026 фаъолияти истироҳатгоҳи беруназшаҳрии кӯдаконаи «Зимчуруд» дар 4 баст (давра) ба роҳ монда шуда, дар ҳар баст 250 нафар кӯдак ба истироҳат ва солимгардонӣ фаро гирифта мешаванд. Дар маҷмуъ, дар мавсими имсола барои фарогирии 1000 нафар кӯдак шароит муҳайё гардидааст.
Ба истироҳатгоҳ пеш аз ҳама кӯдакони ятиму бепарастор, кӯдакони аз оилаҳои эҳтиёҷманд, инчунин хонандагони фаъол, ғолибони олимпиадаҳо, озмунҳо ва мусобиқаҳои гуногуни ҷумҳуриявию шаҳрӣ аз муассисаҳои таълимии ҳудуди ноҳияи Шоҳмансур сафарбар карда мешаванд. Синну соли кӯдакони фарогирифташуда аз 7 то 14 сола муайян гардидааст.
Қобили зикр аст, ки дар басти сеюми истироҳатгоҳ дар баробари хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳияи Шоҳмансур, инчунин 40 нафар тарбиятгирандагони мактаб-интернатҳои ҳудуди шаҳри Душанбе низ ба истироҳату солимгардонӣ фаро гирифта шудаанд.
Дар истироҳатгоҳи «Зимчуруд» барои кӯдакон тамоми шароити зарурӣ, аз ҷумла барномаҳои фарҳангӣ, варзишӣ, маърифатӣ ва тарбиявӣ муҳайё гардида, онҳо метавонанд дар муҳити солим ва бехатар истироҳат намуда, вақти худро самаранок сипарӣ намоянд.