15px

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ШОҲМАНСУРИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Суханрониҳо
    • Сафарҳои дохилӣ
    • Сафарҳои хориҷӣ
    • Фармонҳо
    • Паёмҳо
    • Барқияҳо
    • Суҳбатҳои телефонӣ
    • Аксҳо
  • Маъмурият
    • Раис
    • Муовинони Раис
    • Дастгохи раис
  • Тақсимоти маъмурӣ
    • Шиносномаи ноҳия
    • Соҳаи комуналӣ
    • Соҳаи иқтисодӣ
    • Соҳаи иҷтимоӣ
    • Соҳаи дин
    • Маориф
    • Тандрустӣ
    • Фарҳанг
    • Ҷавонон ва варзиш
    • Кор бо занон
    • Меъморӣ ва шаҳрсозӣ
    • Ҳунарҳои мардумӣ
  • Аз паём то паём
  • Стратегия
  • Душанбе — пойтахт
  • Нақшаи кулл
  • Нома ба Раис
  • Эълонҳо
  • Тамос
  1. Асоси

ОҒОЗИ МУСОБИҚАҲОИ ФУТБОЛ МИЁНИ ҶАВОНОН ВА СОКИНОНИ МАҲАЛЛАҲОИ НОҲИЯ БАХШИДА БА 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ

Имрӯз дар доираи нақшаи чорабиниҳои муштараки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Шоҳмансур дар ҳамкорӣ бо Муассисаи давлатии «Мактаби варзишии ноҳия» бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи футбол миёни ҷавонон ва сокинони шаҳраку маҳаллаҳои ҳудуди ноҳия оғоз гардид.
Дар нахустин бозии мусобиқа дастаи «Минтақаи 190» бар дастаи маҳаллаи «Бӯстон-2» бо ҳисоби 7:6 пирӯз гардид.
Ҳадафи баргузории чунин мусобиқаҳои варзишӣ дар сатҳи маҳаллаҳо тарғиби тарзи ҳаёти солим, ҷалби бештари сокинон, бахусус наврасону ҷавонон ба машғулиятҳои варзишӣ ва истифодаи самараноки вақти холӣ мебошад. Ҳамзамон, баргузории чунин чорабиниҳо ба пешгирии ҷавонон аз омилҳои номатлуб, таҳкими дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ ва ташаккули рӯҳияи солиму фаъол дар байни сокинони маҳаллаҳо мусоидат менамояд.
П