15px

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ШОҲМАНСУРИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Суханрониҳо
    • Сафарҳои дохилӣ
    • Сафарҳои хориҷӣ
    • Фармонҳо
    • Паёмҳо
    • Барқияҳо
    • Суҳбатҳои телефонӣ
    • Аксҳо
  • Маъмурият
    • Раис
    • Муовинони Раис
    • Дастгохи раис
  • Тақсимоти маъмурӣ
    • Шиносномаи ноҳия
    • Соҳаи комуналӣ
    • Соҳаи иқтисодӣ
    • Соҳаи иҷтимоӣ
    • Соҳаи дин
    • Маориф
    • Тандрустӣ
    • Фарҳанг
    • Ҷавонон ва варзиш
    • Кор бо занон
    • Меъморӣ ва шаҳрсозӣ
    • Ҳунарҳои мардумӣ
  • Аз паём то паём
  • Стратегия
  • Душанбе — пойтахт
  • Нақшаи кулл
  • Нома ба Раис
  • Эълонҳо
  • Тамос
  1. Асоси

Оғози сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муғулистон ва маросими истиқболи расмӣ

21 июл маросими бошукӯҳи истиқболи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар майдони марказии шаҳри Уланбатори Муғулистон, ки ба хотири сафари давлатии меҳмони воломақом идона ороста шуда буд, баргузор гардид.

Роҳбари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Президенти Муғулистон муҳтарам Ухнаагийн Хурэлсух самимона пешвоз гирифта, ба болои шоҳсуфаи фахрӣ даъват намуданд.

Маросими истиқбол бо гузориши командири қаровули фахрӣ ба меҳмони воломақом, садо додани сурудҳои миллии ду кишвар, гузаштан аз назди сафи қаровули фахрӣ, арзи эҳтиром ба Парчами давлатии Муғулистон, бо қадамзании мутантан ва гузаштани ҷузъу томҳои қаровули фахрӣ аз назди сарони ду давлат ҷараён гирифта,  баъди шиносоӣ бо ҳайатҳои расмии ду ҷониб анҷом ёфт.

Ҳамчунин ба ифтихори ташрифи давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тупхонаҳо 21 маротиба шиллик паронда шуд.