Бо мақсади дар сатҳи баланд истиқбол намудани «Рӯзи дониш» ва омодагӣ ба оғози соли нави таҳсили 2026–2027, имрӯзҳо дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе корҳои таъмиру тармим, ободонӣ ва омодасозии синфхонаҳо бомаром идома доранд.
Дар ин замина, аз ҷониби роҳбарият ва масъулини муассисаҳои таълимӣ ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид барои таълиму тарбияи хонандагон ва қабули онҳо дар соли нави таҳсил тадбирҳои мушаххас амалӣ карда мешаванд.
Ҳамзамон, дар муассисаҳои таълимӣ ба масъалаҳои тозаву озода нигоҳ доштани муҳити дохилу атрофи муассиса, омодасозии синфхонаҳо ва дигар иншооти ёрирасон, инчунин таъмини муҳити муносибу созгор барои раванди таълиму тарбия таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад. Ин тадбирҳо ба он равона шудаанд, ки соли нави таҳсил дар фазои созанда, бо шароити муносиб ва омодагии ҳамаҷонибаи муассисаҳои таълимӣ оғоз гардад.