15px

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ШОҲМАНСУРИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Суханрониҳо
    • Сафарҳои дохилӣ
    • Сафарҳои хориҷӣ
    • Фармонҳо
    • Паёмҳо
    • Барқияҳо
    • Суҳбатҳои телефонӣ
    • Аксҳо
  • Маъмурият
    • Раис
    • Муовинони Раис
    • Дастгохи раис
  • Тақсимоти маъмурӣ
    • Шиносномаи ноҳия
    • Соҳаи комуналӣ
    • Соҳаи иқтисодӣ
    • Соҳаи иҷтимоӣ
    • Соҳаи дин
    • Маориф
    • Тандрустӣ
    • Фарҳанг
    • Ҷавонон ва варзиш
    • Кор бо занон
    • Меъморӣ ва шаҳрсозӣ
    • Ҳунарҳои мардумӣ
  • Аз паём то паём
  • Стратегия
  • Душанбе — пойтахт
  • Нақшаи кулл
  • Нома ба Раис
  • Эълонҳо
  • Тамос
  1. Асоси

Осорхонаи миллии бостонии Тоҷикистон – ганҷинаи таъриху тамаддуни куҳани тоҷикон

Таърихи ҳар як миллат дар ёдгориҳои моддӣ, осори фарҳангӣ ва бозёфтҳои бостоншиносии он таҷассум меёбад. Халқи тоҷик, ки аз ҷумлаи халқҳои дорои таърихи куҳан ба шумор меравад, дар тӯли ҳазорсолаҳо бо тамаддуну фарҳангҳои гуногун робитаи зич доштааст. Осори давраҳои зардуштӣ, буддоӣ, эллинистӣ ва исломӣ, ки то имрӯз ҳифз гардидаанд, аз гузаштаи пурғановати сарзамини тоҷикон шаҳодат медиҳанд. Яке аз маконҳои муҳимми ҳифзу муаррифии ин мероси таърихию фарҳангӣ Осорхонаи миллии бостонии Тоҷикистон мебошад, ки дар маркази шаҳри Душанбе ҷойгир аст.
Осорхона соли 2001 дар заминаи Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфтааст. Асоси намоишгоҳи онро бозёфтҳое ташкил медиҳанд, ки дар натиҷаи беш аз шаст соли фаъолияти экспедитсияҳои бостоншиносии институт ҷамъоварӣ шудаанд. Маҷмӯаи осорхона тақрибан панҷ ҳазор намунаи нодирро дар бар гирифта, аз маснуоти сафолӣ, сангӣ, филизӣ ва шишагӣ то ҷавоҳирот, ашёи рӯзгор, муҷассамаҳо ва намунаҳои санъати тасвириро фаро мегирад. Дар байни онҳо Хазинаи тиллоӣ низ мавқеи хос дошта, нигораҳои нодири тиллоӣ ва маҷмӯаи ғании сиккаҳо аз тилло, нуқра, биринҷӣ ва мисро нигоҳ медорад.
Аз қадимтарин бозёфтҳои осорхона осори бошишгоҳи одами ибтидоӣ дар Кӯлдара мебошад, ки таърихи он ба тақрибан 950 ҳазор сол пеш мерасад. Ҳамчунин, бозёфтҳои давраҳои энеолит ва асри биринҷӣ аз ёдгории Саразм, ки ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО шомил гардидааст, арзиши баланди таърихӣ доранд. Ин бозёфтҳо дар бораи зиндагӣ, ҳунармандӣ ва ташаккули муносибатҳои иҷтимоии сокинони қадимаи сарзамини Тоҷикистон маълумоти муҳим медиҳанд.
Дар миёни нигораҳои осорхона бозёфтҳои давраи эллинистӣ аз маъбади Окс, воқеъ дар ёдгории Тахти Сангин, таваҷҷуҳи махсусро ҷалб менамоянд. Портрети Искандари Мақдунӣ дар симои Ҳеракл, ғилофи шамшер, лавҳаҳои устухони фил бо тасвири саҳнаҳои шикор ва дигар осори ҳунарӣ намунаҳои барҷастаи омезиши фарҳанги маҳаллӣ ва Юнони қадим мебошанд. Ин бозёфтҳо аз робитаҳои фарҳангӣ ва таъсири мутақобилаи тамаддунҳо дар сарзамини бостонии тоҷикон шаҳодат медиҳанд.
Ҷойгоҳи муҳимро дар намоишгоҳи осорхона намунаҳои нодири деворнигораҳои Панҷакенти қадим, ки ба асрҳои V–VIII тааллуқ доранд, ишғол мекунанд. Яке аз маъруфтарин нигораҳои ин маҷмӯа тасвири арфанавоз мебошад, ки ҳамчун намунаи барҷастаи санъати тасвирии давраи қадим шинохта шудааст ва борҳо дар осорхонаҳои маъруфи ҷаҳон ба маърази тамошо гузошта шудааст. Ҳамчунин, деворнигораҳои қасрҳо, маъбадҳо ва дайрҳои қадимаи Бунҷикат, Аҷинатеппа, Қалъаи Қаффирниҳон ва Ҳулбук аз маҳорати баланди рассомону ҳунармандони он давра дарак медиҳанд. Нақши кандакории тимпани қасри ҳокими Бунҷикат бо саҳнаҳо аз «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ низ аз ҷумлаи осори ҷолиби диққати осорхона мебошад.
Яке аз нигораҳои нодир ва маъруфи осорхона муҷассамаи бузурги «Буддо дар ҳолати нирвана» аст, ки баландии он тақрибан 13 метрро ташкил медиҳад. Ин муҷассама аз гил сохта шуда, дар дайри буддоии Аҷинатеппа, воқеъ дар наздикии шаҳри Бохтар, кашф гардидааст. Он яке аз бузургтарин ёдгориҳои қадимаи буддоӣ ба ҳисоб рафта, аз паҳншавӣ ва нуфузи фарҳанги буддоӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ шаҳодат медиҳад.
Имрӯз Осорхонаи миллии бостонии Тоҷикистон на танҳо макони ҳифзи бозёфтҳои нодир, балки маркази муҳими омӯзишу муаррифии таъриху фарҳанги миллати тоҷик мебошад. Маҷмӯаи он дар натиҷаи фаъолияти экспедитсияҳои илмии ватанӣ ва байналмилалӣ пайваста ғанӣ мегардад. Дар осорхона барои сайёҳон, хонандагону донишҷӯён ва дигар хоҳишмандон саёҳатҳои шиносоӣ ва мавзӯӣ ташкил карда мешаванд. Нигораҳои он инчунин дар намоишгоҳҳои хориҷӣ муаррифӣ гардида, ба шинохти бештари мероси таърихию фарҳангии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мусоидат менамоянд.
Осорхонаи миллии бостонии Тоҷикистон маконест, ки дар он гузаштаи дури сарзамини мо бо забони бозёфтҳо ва осори ҳунарӣ нақл мешавад. Ҳар як нигора саҳифае аз таърихи пурғановати миллатро боз намуда, барои наслҳои имрӯзу оянда имконият фароҳам меорад, ки ба решаҳои таърихӣ ва арзишҳои фарҳангии худ бештар ошно гарданд.
Бахши иттилооти дастгоҳи Раиси ноҳияи Шоҳмансур