15px

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ШОҲМАНСУРИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Суханрониҳо
    • Сафарҳои дохилӣ
    • Сафарҳои хориҷӣ
    • Фармонҳо
    • Паёмҳо
    • Барқияҳо
    • Суҳбатҳои телефонӣ
    • Аксҳо
  • Маъмурият
    • Раис
    • Муовинони Раис
    • Дастгохи раис
  • Тақсимоти маъмурӣ
    • Шиносномаи ноҳия
    • Соҳаи комуналӣ
    • Соҳаи иқтисодӣ
    • Соҳаи иҷтимоӣ
    • Соҳаи дин
    • Маориф
    • Тандрустӣ
    • Фарҳанг
    • Ҷавонон ва варзиш
    • Кор бо занон
    • Меъморӣ ва шаҳрсозӣ
    • Ҳунарҳои мардумӣ
  • Аз паём то паём
  • Стратегия
  • Душанбе — пойтахт
  • Нақшаи кулл
  • Нома ба Раис
  • Эълонҳо
  • Тамос
  1. Асоси

ОЗМУН БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ ХОЛИИ МАЪМУРИИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ

Дар асоси қарори Раиси ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе оид ба гузаронидани озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе рӯзҳои 13–14 августи соли 2026 озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ баргузор гардид.
Озмун бо иштироки Раиси комиссия – муовини якуми Раиси ноҳия, котиби комиссия – мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи Раиси ноҳия, муовинони Раис, роҳбари дастгоҳ, намояндагони Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе баргузор гардид.
Озмун аз ду марҳила иборат буда, дар марҳилаи аввал, ки рӯзи 13 август баргузор гардид, довталабон диктанти забони тоҷикӣ супориданд. Аз натиҷаи марҳилаи аввал се нафар довталаб ба марҳилаи дуюми озмун роҳ ёфтанд. Рӯзи 14 август бо довталабони ба марҳилаи дуюм роҳёфта суҳбати касбӣ баргузор гардида, сатҳи дониш, малака, қобилияти касбӣ ва омодагии онҳо барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ арзёбӣ карда шуд.
Озмун аз ҷониби ҳайати комиссияи озмун дар асоси талаботи муқарраргардида ва бо риояи принсипҳои шаффофият, баробарҳуқуқӣ ва интихоби кадрҳои арзанда баргузор гардид. Натиҷаи ниҳоии озмун тибқи тартиби муқарраргардида пас аз се рӯзи баргузории он эълон карда мешавад.