ОЗМУН БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ ХОЛИИ МАЪМУРИИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ
Дар асоси Қарори раиси ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе дар бораи гузаронидани озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ баргузор гардид. Озмун бо иштироки Раиси комиссия - муовини якуми Раиси ноҳия, котиби комиссия - мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи Раиси ноҳия, муовинони Раис, роҳбари дастгоҳ ва намоянда аз Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, намоянда аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе баргузор гардид. Дар озмуни мазкур аз ҷониби довталабон ба унвонии раиси комиссия ҳуҷҷатҳои лозима пешниҳод гардида, зимни баррасии ҳуҷҷатҳо чор нафар довталаб ба даври дуввум роҳ ёфтанд. Озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ аз ҷониби ҳайати комиссияи озмун ба таври шаффоф баргузор гардида, довталабоне, ки ба вазифаҳои интихобкардаашон лоиқ дониста шуданд, барои ишғоли мансабҳо пешниҳод гардиданд. Тибқи тартибот натиҷаи озмун пас аз се рӯзи баргузории он эълон карда мешавад.