15px

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ШОҲМАНСУРИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Суханрониҳо
    • Сафарҳои дохилӣ
    • Сафарҳои хориҷӣ
    • Фармонҳо
    • Паёмҳо
    • Барқияҳо
    • Суҳбатҳои телефонӣ
    • Аксҳо
  • Маъмурият
    • Раис
    • Муовинони Раис
    • Дастгохи раис
  • Тақсимоти маъмурӣ
    • Шиносномаи ноҳия
    • Соҳаи комуналӣ
    • Соҳаи иқтисодӣ
    • Соҳаи иҷтимоӣ
    • Соҳаи дин
    • Маориф
    • Тандрустӣ
    • Фарҳанг
    • Ҷавонон ва варзиш
    • Кор бо занон
    • Меъморӣ ва шаҳрсозӣ
    • Ҳунарҳои мардумӣ
  • Аз паём то паём
  • Стратегия
  • Душанбе — пойтахт
  • Нақшаи кулл
  • Нома ба Раис
  • Эълонҳо
  • Тамос
  1. Асоси

ОЗМУНИ НОҲИЯВИИ МАҚОЛАИ БЕҲТАРИН ТАҲТИ УНВОНИ «ПРЕЗИДЕНТИ МАН – ИФТИХОРИ МАН»

Шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе дар якҷоягӣ бо Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Шоҳмансур ба таваҷҷуҳи роҳбарони муассисаҳои таълимии новобаста аз шакли ташкиливу ҳуқуқии ҳудуди ноҳия мерасонад, ки Озмуни ноҳиявии мақолаи беҳтаринро ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони "Президенти ман – ифтихори ман" дар байни хонандагони синфҳои 9–11-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе доир менамояд.
Ба маводҳое бартарӣ дода мешавад, ки дар онҳо нақши Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, рушди устувори маорифи кишвар ва арҷгузорӣ ба арзишҳои Истиқлоли давлатӣ инъикос ёфта бошад.
Муҳлати қабули мавод: то санаи 10 ноябри соли 2026.
Мавод бояд ба комиссияи озмунӣ- Муассисаи давлатии “Маркази таҳсилоти иловагии ноҳияи Шоҳмансур”-и шаҳри Душанбе пешниҳод гардад.
Мақолаи пешниҳодгардида то 4 саҳифа бошад (Талаботи техникӣ: ҳуруфи Times New Roman Tj ва Times New Roman ҳаҷми ҳарф 14, шакли коғаз А4, фосилаи байни сатрҳо воҳидӣ, ҳошияҳо: болоӣ – 2 см, поёнӣ- 2 см, чап – 2,5 см, рост – 1,5 см).
Мавод бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ қабул карда мешавад.
Ғолибон дар арафаи таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ ва бо диплому туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда мешаванд.
Телефонҳо барои маълумоти иловагӣ:
+992 93 942 6342